​Ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гашт

Таҳти раёсати ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони баргузор гашт.

Ректори донишгоҳ ҷаласаро ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Сипас, Раъно Шаропова - декани факултети филологияи рус роҷеъ ба “Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши равобити байналмилалӣ дар факултети филологияи рус: дурнамо ва мушкилот”, Абдураҳмон Қодиров – директори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, Шараф Раҳмонов –муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ-молиявӣ оид ба тасдиқи харҷномаи даромад ва хароҷоти донишгоҳ ва ҷадвали штатии маоши вазифаии ҳайати омӯзгорон, профессорон ва кормандони донишгоҳ барои соли 2022 гузориш доданд.

Зимни таҳлилу муҳокимаи масъалаи якум беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши равобити байналмилалӣ дар факултети филологияи рус: дурнамо ва мушкилот” роҳбарияти донишгоҳ андешидани чораҳҳои мушаххасро ҷиҳати ташкил ва гузаронидани силсилаи дарсҳои намунавӣ, назорати электронии машғулиятҳои таълимии омӯзгорон, беҳтар намудани раванди таҷрибаомӯзии муҳассилин, аз такмили ихтисос гузаронидани устодон ва мувофиқ намудани мавзӯъҳои корҳои илмии устодон ба барномаи дурнамои илмӣ-татқиқотӣ ва ғайратақозо намуд.

Баъд аз он, роҳбарияти донишгоҳ вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти Институтҳои илмӣ-тадқиқотии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи назди донишгоҳро мавриди таҳлил қарор дода, барои омода намудани кадрҳои илмӣ ва ҷалби бештари муҳассилин ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва вусъати корҳои илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ густариш дода, бо марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин масъалаи корҳои иқтисодӣ-молиявӣ оид ба тасдиқи харҷномаи даромад ва хароҷоти донишгоҳ ва ҷадвали штатии маоши вазифаии ҳайати омӯзгорон, профессорон ва кормандони донишгоҳ барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаҳои зикршуда ва дархосту пешниҳодҳо аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ