ҶАЛАСАИ РАЁСАТ: НАҚШАҲО БАРОИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Дар толори калони донишгоҳ ҷаласаи нахустини раёсат барои соли таҳсили 2025-2026 баргузор гардид. Ҷаласаро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки соли нави таҳсил бо масъулияти баланд оғоз гардида, дар назди ҳайати раёсат вазифаҳои калидӣ, аз ҷумла таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, такмили раванди таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат қарор доранд.

Масъалаи нахустин — тасдиқи нақшаи кории ҷаласаҳои Раёсат барои соли таҳсили 2025–2026 мавриди муҳокима ва тасдиқ қарор гирифт.

Масоили ҷамъбасти фаъолияти комиссияи қабул дар соли таҳсили 2025–2026 низ шунида шуда, зикр гардид, ки раванди қабули довталабон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд ва дар ҷараёни он таваҷҷуҳи хоса ба таъмини шаффофият, истифодаи барномаҳои муосири иттилоотӣ ва риояи қоидаҳои қабул зоҳир гардид.

Вазъи тақсимоти ниҳоӣ ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 донишгоҳро 1915 нафар донишҷӯ шуъбаи рӯзонаро хатм намуданд, ки аз онҳо 502 нафар ихтисоси омӯзгориро тариқи буҷавӣ ва аз он 148 нафар тариқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда хатм карданд.

Таъкид гардид, ки соли 2025 шумораи зиёди хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории гурӯҳҳои буҷавӣ ба ҷойи кор равона карда шуданд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷараёни тақсимоти ниҳоӣ шаффоф сурат гирифта, мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои давлатӣ фаъолият оғоз карданд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дастгирии хатмкунандагони ҷавон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолият аз самтҳои афзалиятноки донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Ҷаласаи аввали Раёсат барои соли таҳсили 2025–2026 бо қабули қарорҳои дахлдор ҷамъбаст ёфт. Таъкид шуд, ки ҳайати профессорону устодон ва масъулини сохторӣ бояд барои иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ саъю кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд, то дастовардҳои нави назаррас ба даст оварда шаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ