АКСИЯИ ВАТАНДӮСТОНА: «ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ»
Бахшида Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2026 дар биноҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» аксияи ватандӯстона таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст» баргузор гардид.
Субҳи барвақт донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ устодон ва собиқадорони донишгоҳро бо суханҳои самимии хештаншиносиву ватандорӣ ва қироати шеърҳои тараннумгари меҳру муҳаббат ба Ватан табрик намуданд.

Таъкид шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруҳои мусаллаҳи кишвар ба як сохтори муназзаму пуриқтидор табдил ёфта, имрӯз бо садоқат ба халқу Ватан хизмат мекунанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён бо ибрози эҳсоси баланди ифтихор аз давлатдории миллӣ таъкид намуданд, ки ҳифзи Истиқлол, арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватани азиз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Чорабинӣ дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил