Ҳақиқати марз ё ҷавоби қотеъ ба сазои дуруғи маҳз

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ҳанӯз аз рӯзи ба даст овардани истиқлоли миллӣ азми қавӣ ва кӯшиш дорад, ки дар сиёсати хориҷии худ дар асоси сандҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқӣ қабулкардааш (яъне, ратификатсия кардашуда) ва санадҳои расмии давлатии танзимкунандаи ин масоил, аз қабили Эъломияи истиқлоли давлатӣ (аз 24 августи соли 1990), Конститутсия (аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳояш) ва Консепсияи сиёсати хориҷӣ (таҳияи нави он аз соли 2015) амал намояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз аз соли 1993 Тоҷикистон асоси сиёсати хориҷиро “дарҳои боз бо мақсади нек” пеш гирифта, бо кишварҳои дуру наздик муносибатҳои нек, сулҳхоҳона, ҳусни тафоҳум ва ҳамҷавориро бо мақсад ва манфиатҳои ҳар ду ҷониб манфиатовар ба роҳ мемонад. Аз ҷумла, дар банди 16 Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омадааст: “Тоҷикистон тарафдори принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътироф шудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, ҷонибдорӣ бо роҳи сиёси ҳал кардани тамоми ихтилофот буда, ҳуқуқ, озоди ва соҳибихтиёри ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳоро эҳтиром мекунад, барои дўстӣ, бародарӣ ва пешрафти минбаъда дар тамоми ҷаҳон саъй менамояд”.

Бо ҳамин мазмуну моҳият дар моддаи 11 Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнароба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”.

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ масъалаҳои болозикр инъикос гардидааст. Дар боби аввали Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон масъалаи “орӣ будани муносибатҳои байнидавлатӣ аз идеология” таҷассум ёфтааст, ки масъалаи хеле ҳассос ва баҳсии қазияи марзии ҳамсоядавлат мебошад.

Дар баробари ин дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон чунин масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷии кишвар, ки имиҷи онро ташкиш ва нишон медиҳад инъикос шудааст:

“Ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти марзӣ, таъмини амнияти миллӣ, истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар;

Ташаккули камарбанди ҳамсоягии нек дар марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Инкишофи муносибатҳои боэътимод, дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо”.

Ин меъёрҳоро Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то имрӯз мариди амал қарор медиҳад. Мутаасифона баъзе кишварҳои ҳамсоя чунин муносибат ва муштаракоти Тоҷикистонро ба назар ва инобат намегиранд. Махсусан, тайи қариб сад соли охир байни Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя Қирғизистон доир ба масъалаи марзӣ каме нофаҳмиҳоро ба миён овард. Махсусан ин масъала дар замони соҳибистиқлолӣ гӯё ранги тоза пайдо карда бошад, ки бо сабабҳои гуногун хунукназарии сиёсатмадорон, коршиносон ва аҳолии ҳаммарзи ду кишварро дар ҳудудҳои сарҳадот ба вуҷуд оварда, сару садоҳои зиёд ва то ба ҳадди қазияҳои дуҷониба расиданд.

Дар замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон бо намояндагони Қирғизистон садҳо маротиба гуфтушунидҳои байнидавлатӣ, идоравӣ ва сарҳадиро доир ба марзҳои ду ҷониб ташкил намуд, ки ҳамаи онҳо бенатиҷа ва ба ҳолӣ нуқта гузоштани мавзӯъ нарасонид. Дар ин бора сиёсатмадорон, коршиносон, рӯзноманигорон доир ба масъалаи марз ва қазияи сарҳадии ду ҷониб навиштаҳо ва пахши навориву овозӣ дар шабакаҳои иҷтимоии расонаӣ, воситаҳои ахбори омма агарчӣ расониданд, вале ин ҳангомаҷӯиҳои маҳзро мемонаду халос.

Мақолаи илмии сиёсатшинос, коршинос ва таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо дар мавзӯи “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ”, ки шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аст, амри воқеӣ, таърихӣ ва саривақтист.

Мақолаи мазкури сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо аз ҷиҳат ва лиҳози мазмуну моҳият дар замина ва пояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида, таърихи баҳси марзӣ бо Қирғизистон аз солҳои 20-уми асри ХХ то ҳол, вайрон намудани тартибот ва меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ ва риоя накардани онҳо дар самти хати марзии кишварҳо аз ҷониби ин давлат бо далелҳои равшан мавриди баррасӣ ва таҳлили дақиқ қарор дода шудааст. Ин мақола, тавре ки дар ибтидои он саволҳои баҳсбарангези мавзӯи баҳси марзӣ “чӣ миқдор замини қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад? 145 000, 211 000 га ё 420 000 га? Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист ва чаро онҳо асоси ягонаанд? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист? Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байни ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд? Кадом раиси вилоят ва раиси шаҳри Тоҷикистон заминҳоро ба кишвари ҳамсоя дода буд? «Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад?” ҷавоби қотеъона дода, ҳар як шаҳрванд ва инсони огоҳу равшанфикрро бедору ҳушдор месозад. Тавре, ки муаллиф қайд мекунад: “Бо таваҷҷуҳ ба ин, бо мақсади саҳмгузорӣ дар тақвияти огоҳӣ ва зарфияти ҷомеа дар ин самт, пажӯҳиши мухтасаре дар боби асосҳои таърихӣ ва ҳуқуқии ин ихтилоф ва моҳияти далелу ҳуҷҷатҳои ҷониби Тоҷикистон барои асосноккунии мавқеи худ дар ин баҳс пешкаш мегардад”.

Дар ин маврид суханони файласуф ва нобиғаи ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн иқтибос меорем, ки дар қайдҳои худ чунин ишора карда буд: “дар ҷанг шояд ғолиб бешумор бошад, вале дар сулҳ танҳо хирадманд пирӯз мешавад” хеле ба маврид аст. Зеро, аз сатҳи поён то болои ҷониби кишвари ҳамсоя аз сари курсии мулоқот нишаста, ба музокирот омадан, корро ба баҳсу муноқишаҳои марзӣ овардан ва овозаҳои бардурӯғ паҳн кардан, ин мақола мӯҳри комил бар пояи ин дурӯғҳои маҳз ва даъвоҳои беасоси ашхоси одию номвар ва коршиносу сиёсатмадорони ин давлат мебошад.

Тибқи маълумотҳо мутафаккирон зикри онро доранд, ки “касе барои марзбандии мафиатҷӯёна даст дорад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ноком мегардад”.

Бояд тазаккур дод, ки муҳаққиқ дар мақолаи худ ҳақиқати ҳоли таърихии марзиро иброз намуда, қайд мекунад, ки ҷониби Қиғизстон ба санадҳо ва хати марзбандие, ки дар давоми солҳои 1924-1932,1958-59, соли 1989 кардааст, дуруст ва комилан сарфаҳм нарафта, саргарми азхуд намудани заминҳои наздисарҳадии ҷониби Тоҷикистон шудааст.

Баҳси марзӣ то ҷое расид, ки аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлосияи махсуси СММ санаи 23 сентябри соли ҷорӣ иштирок ва аз минбари он иброз намуд, ки ҳоло давлати ҳамсоя 211 ҳазор гектар заминҳои Тоҷикистонро аз худ кардааст, истифода мебарад ва онро баргардониданӣ нест. Дар мақола муаллиф Абдуллои Раҳнамо дақиқан дар асоси санадҳои нишондодашудаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қитъаҳои баҳсиро иборат аз 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайра медонад.

Ин ҳудуди баҳсиро муҳаққиқ таҷдиди назар ва таққос ба ҳудудҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара бо деҳоти атрофашон, ё худ даҳ карати марзи шаҳри Душанбеи имрӯз меҳисобад, ки 2110 км мураббаъро ташкил медиҳад.

Ҳоло миёни Тоҷикистон ва давлати ҳамсоя 990 км хати ҳаммарзӣ вуҷуд дорад, ки тибқи маълумотҳо муаллифи мақола 61 дарсади он муайян ва хати сарҳадӣ дошта, 39 дарсади он номуайян боқӣ мемонад ва маҳз дар ҳамин хати номуайянӣ қазия вуҷуд дорад.

Муҳаққиқ дар мақолаи худ масъала ва сабабҳои баҳси сарҳадии миёни аҳолиро ба он доғи рӯз, оби полезию нӯшокии қитъаи марзӣ, роҳи гузаргоҳию мошингардӣ, мавҷудяти манзилҳои истиқоматию қабристон, ки миёни халқи ду кишвар, омехтаи тоҷикону халқи давлати ҳамсоя меҳисобад, комилан аз баҳси марзӣ то муноқишаҳои байнидавлатии сарҳадӣ оварда расонд.

Абдуллои Раҳнамо изҳор медорад, ки соли 1999 ҷониби давлати ҳамсоя бо мақсади боқӣ мондани заминҳои азхудкардааш аз марзҳои наздисарҳадии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз ҳисоби вилояти Ош навоҳии Боткан (Боткент)-ро ҷудо намуда, ба вилояти алоҳида табдил диҳад. Ҳатто барои маскун намудани аҳолии ин кишвар ба воҳаҳои азхудгардида имтиёзҳо дода шуда, ба онҳо аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ кӯмакпулиҳои давлатӣ низҷудо карда шуд. Дар баробари ин тибқи маълумотҳои бадастовардашуда, муаллиф қайд мекунад, ки аз моҳи октябри соли 2022 ҳатто аз ҷониби палатаи қонунгузорӣ ин кишвар мусаллаҳкунии сокинони наздимарзии вилояти Боткан таҳия шудааст. Муаллиф қайд мекунад, ки ин кишвар заминҳои азхудкардаашро ба соҳиби аслиаш – Тоҷикистон доданӣ нест.

Муҳаққиқ дар мақолаи пажӯҳишии худ моҳияти баҳси марзии давлати ҳамсояро бо Тоҷикистон аз ин иборат медонад, ки ҳамаи қитъаҳои заминҳои додашудаи Тоҷикистон ба ин кишвар дар асоси санадҳо сурат гирифтааст, ҳол он, ки ин гуна ҳуҷҷатҳои расмии байнидавлатӣ вуҷуд надорад. Яъне, санадҳое, ки барои истифодаи муваққатӣ заминҳои аз ҷониби хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо ба давлати ҳамсоя додашуда асоси воқеӣ ва расмии байнидавлатӣ нестанд ва ин қувваи ҳуқуқӣ низ надорад. Ҳатто санадҳое, ки дар замони Шӯравӣ муайян шуда буданд, аз ҷумла Конститутсияи ИҶШС дар моддаи 18-умион омадааст, ки “БЕ РОЗИГИИ ХУДИ ҶУМҲУРИҲОИ УЗВИ ИТТИҲОД ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДҲОИ ОНҲО МУМКИН НЕСТ”, онро асоснок менамояд.

Дар мақола тамоми санад ва ҳуҷҷатҳое, ки Тоҷикистон ба он такя менамояд, бо иқтибосҳои бебаҳс мушаххас оварда шудааст, ки қобили дастгирист.

Дар ҳамаи гузоришҳои тавсифии ҳуҷҷатҳои замони шӯравӣ ва давраи истиқлолро Абдуллои Раҳнамо бо тағйирёбии сарҳадӣ дар асоси хатираҳо нишон додааст, ки ҳамаи онҳо раднопазир мебошанд. Дар баробари ин ҷониби давлати ҳамсоя санадҳоеро пеш меорад, ки онҳо асоси воқеӣ ва ҳуқуқии муайянкунандаи хати марзӣ нестанд.

Ба қавли муаллиф яке аз омилҳои равшанӣ андохтан ба масъалаи хати марзӣ дар асоси санадҳои бойгонӣ амал кардан мебошад. Пеш аз ҳама барои муайян намудани он ба санадҳои бойгонии давлатии Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон бояд муроҷиат кард ва ин ҳам бошад ба манфиати Тоҷикистон кор хоҳад кард.

Сиёсатшинос ва таҳлилгари моҳир Абдуллои Раҳнамо умдатарин масъалаҳои санадҳои муҳими солҳои 1949, 1958-1959, 1989, 1991, 2011, 2013, 2021-ро бо мисолҳои мушаххас ва дақиқ ба манфиати Тоҷикистон корбаст шуданашро қайд намуда, изҳор медорад, ки чаро Тоҷикистон ба марзҳо ва заминҳои худ даъво накунад.

Дар фароварди таҳлили масъалаҳои марзӣ муаллиф бо чанд нукта барои бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ ва ҳимоя намудани марду буми ватан ба ҳар як нафар бедордил ва ватандӯсту меҳанпараст зикр дорад, ки он заминҳои ғасбшуда 211 000 гектарро ташкил медиҳанд, мол ва сарзамини Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон даъвои марзи қаламрави Қирғизистонро надорад, балки қаламрави ба худ тааллуқдоштаро хостори баргардонидан аст, ки ба ҳудуди Қирғизистон гузаштаасту онро баргардониданӣ нест. Дар ин баҳсҳои марзӣ бо давлати ҳамсоя Тоҷикистон кишвари ғосибу ғасбгар нест, балки кишвари зарардидаю заминбохта мебошад. Ду воқеаи муҳим, моҳҳои апрел ва октябри соли ҷорӣ, ки ҷавобан барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон меравд, на ин ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ғосиб ба марзи кишвари ғамсоя ҳамла кардааст. Яъне ҳимояи кунунии марзу бум ва соҳиб шудан ба қаламрави қонунии кишварро муаллиф вазифаи ҷомеа ва ҳар фарзи бедордил меҳисобад.

Ҳамин тариқ, бо чанд нуктаҳо ба масъалаи марзии кунунии ду кишварҳои ҳамсоя сиёсатшинос ва таҳлилгари моҳир Абдуллои Раҳнамо ӣаён хоҳем кард:

Дар пажӯҳиши муаллиф масъалаҳои марзӣ дар поя ва заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ далелҳоро овардааст.

Ҳамаи далелҳои додашуда асоси таърихӣ ва раднопазирӣ доранд.

Тағйироти марзии ду кишварро муаллиф бо нишон додани хатҳои марзии ҷуғрофӣ нишон додааст, ки асоси таърихӣ ва ҳуқуқӣ дорад.

Даъвоҳои беасос ва ғосибонаи кишвари ҳамсояро беасос ва нодуруст ҳисобида, онро каҷрафтории давлати ҳаммарз меҳисобад.

Пеша кардани санад ва ҳуҷҷатҳои ҷониби ҳамсояро даъвои беасос ва хатои маҳз меҳисобад.

Далелҳои равшан, қотеъ ва появии мақола хонанда ва ҷомеаро ҳушдор месозад, ки ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ҳофизаи таърихии мардумро бедор намояд, ҳимояи мардзу бум ва меҳанпарастии халқро баланд бардорад.

Саидқул Маҳкамов, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ