Ақидаҳои мусбат нисбати тоҷикони муосир
Созмони худсохти ба ҷамъияти муосир зараррасон “Толибон” танҳо олами муосирро бо ақидаҳои заҳролуд нотинҷ сохта, мехоҳад, ки ҷаҳони бо технологияи муосир ва нанотехнология таҷҳизонидашударо бар замин яксон намояд.
Аз бозе, ки ин ҳаракати дар ҷамъият мамнӯъ ба майдон омадааст ва шахсони гумроҳгардидаро ба худ чун узв қабул кардааст, нотинҷиву парешонхотириро на танҳо дар шуури одамон, балки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардумони бегуноҳ ҷой додааст. Ҳарчанд халқи тамоми кишварҳои олам инро дарк намуда, нисбати онҳо кинаву адоваташонро баён карда истодаанд, ин ҷамъияти бо ақидаҳои манфур, ҳаракатҳои ба ҷамъият зараррасон, фикру ақидаҳои зиддиинсонӣ ва кирдорҳои ношоями ғайриинсонона шуури тамоми халқҳоро бо вирусҳои марговар таҷҳизонида истодаанд.
Аммо афсӯс, халқи тоҷик дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сарзамини давлатҳои ҳамсоя муҳоҷир гардида буд, аксарияти ба ватан бозгаштнанамудагон ва дар айни замон шаҳрвандони бо пулҳои бедардимиён фирефтагардидагон мебошанд, ки бо он ҳизбҳои ба ҷамъият бегона аъзо гардидаанд. Аксарияти ба он ҷамъият ҳамроҳшудагон бо ташвиқоти террористиву экстремистӣ худ гумроҳгардидагон мебошанд, вале ҷуръати бозгашт ба ватанро надоранд. Шуури он ашхосро пардаи сиёҳу торики зиддиинсонӣ пӯшидааст. Аммо афсӯс номи тоҷикро доранду халос!
Ин ҳамватанон ва ҳамзабонони мо тоҷику Тоҷикистонӣ будани худро ба гӯшаи хотири худ намеоранд, зеро онҳо на ҳисси миллӣ доранду на шуури аниқи инсониву исломӣ, ҳатто саводи казоӣ надоранд ва аз ҷамъияти муосир ақиб мондаанд.
Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ашхоси ба ҷамъиятҳои бегона аъзо гардидаву роҳгумшударо маҳкум намудаанд ва онҳоро чун ҳаммиллат ва ҳамзабони худ намешуморанд, зеро он ашхоси гумроҳгардида дар худ шуури муосир надоранд. Фикру ақидаҳо ва рафтору кирдори онҳо бемаданиятиву бешафқатии онҳоро зоҳир менамояд.
Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ