Ақидаҳои ифродиро ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳем
Муҳиддин Кабирии аблаҳ баз афсонабофиҳои худро сар кардаст. Мо чандин борҳо иброз намудем ва боз ҳам мегӯем, ки мо ба насиҳату васиати ту барин инсонҳои дилсиёҳу иғвоангез ниёз надорем ва ба гуфтаҳои ту ҳеҷ гоҳ сар фуруд намеорем. Тоҷикистон имрӯз макони ободу осоишта ва давлати ҳуқуқбунёду демократӣ гаштааст ва ба ақидаҳои ту барин ифротгарон ниёз надорад. Мо мардуми озод ҳастем ва ба доми ту барин мардумфиребон намеафтем. Аз шунидани ин баромади иғвоангех ханда гулӯямро гирифт. Зеро Кабирӣ сари демократия сухан меронаду худ ҳиҷобпуширо роҳандозӣ мекунад. Ин чӣ гап аст? Аввал шиками мардумро сер мекунем бо кор таъмин мекунем баъд ба фарҳанг руй меоварем. Ин абалаҳист илм, фарҳанг, тандурустӣ, маданият одоб услуб дар мадди аввал меистад. Фикри Кабирӣ, ки дар пулу мол аст, ин суханҳоро мегӯяд.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳоряки даврони Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои зиёде ба даст овард, ки муҳимтарин ва бузургтарини он ин расидан ба сулҳу оштӣ мебошад. Гузашта аз ин бисёре аз комёбиҳои имрӯзаи кишвар аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст. Созишномаи мазкур аз лиҳози арзиши фавқулодаи худ ба Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст. Агар яке ба сарзамини бостонии мо ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёриро овард, дигаре сулҳу сафо, оромиву осудагӣ ва оштии ваҳдатро дубора барқарор намуд.
Пешвои муаззами мо суббот, осоиши ҷомеа ва давлатсозиро на бо роҳи зӯроварӣ ва фишор, балки бо роҳи музокирот, гуфтушунид, диду боздидҳо муроҷиатномаву суханрониҳо ба амал оварданд. Пешвои муаззами мо дар яке аз аввалин изҳорот ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки : “идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст, мо ягон масъалаи ҷомеаамонро бо роҳи зӯрӣ ва тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем, муроду мақсадамон, бунёдкорӣ асту бас”.
Мо аз Истиқлоли худ ифтихор дорем васохти давлатдории имрӯзаро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем.
Биоишаи Назар