​Айнӣ ва адабиёти навини тоҷик

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Айнӣ ва адабиёти навини тоҷик”, бахшида ба 144-солагии поягузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар толори маҷлисгоҳи факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфил бо намоишнома аз рӯзгору осори устод Садриддин Айнӣ ва сухани ифтитоҳии декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева оғоз гардид.

Сипас, маърӯзаҳои илмӣ аз тарафи дотсентони кафедраи адабиёти муосири тоҷик Зеварой Бобоева дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ – шахсияти иҷтимоӣ ва адабӣ” ва Субҳон Аъзамов дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ ва фикри интиқодӣ” шунида шуд. Дар қисмати бадеӣ - фарҳангиичорабинӣ донишҷӯён аз ашъори шоир намунаҳо қироат намуда, асарҳои пурғановати ин адиби пуркорро муаррифӣ намуданд.

Дар охир маҳфилро мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик профессор Замира Ӯлмасова ҷамъбаст намуда, қайд нумуд, ки Садриддин Айнӣ аз мутафаккири барҷастаи адабиёти тоҷик буда, месазад, ки таҷлили ҷашни устоди сиёсату адабиётро ҳамасола қайд карда бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ