Агар инсофу номуси инсонӣ бошад...
Имрӯзҳо пас аз ҷанги марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон муддати каме гузашта бошад, ҳам аз тарафи комиссияи танзимкунандаи марзҳои ҳарду тараф корҳо идома доранд.
Аммо аз тарафи ВАО махсусан шабакаҳои интернетӣ бисёр сарусадоҳои иғвоангез баланд шудаву боиси нигаронии мардуми осоишта гуштааст. Махсусан, дар бораи харитаи Қирғизистон, ки дар он минтақаи Ворух дар анклав мондаву атрофи он ба пуррагӣ ҳудуди қирғизҳо дониста шудааст. Худ мантиқан суоле меояд, ки чӣ тавр дар ҳудуди Қирғизистон пораи Тоҷикистон пайдо шудааст? Худ ба мантиқи ақлии инсон рост намеояд. Шояд худи қирғизҳо ҳудуди минтақаи Ворухро тадриҷан аз они худ кардаву тазйиқу зӯровариро раво дидаанд.
Абдулло Раҳнамо бисёр хуб таҳлили ҳаматарафа намуда, дар раванди ҳодисоти асри бистум ва аввали асри бисту якум аз шароити ба миён омадаи Тоҷикистон суистифода намудани кишвари ҳамсояро доир ба тасхири ҳудуди Тоҷикистон ошкоро бо асосҳои раднопазир нишон додаанд.
Агар инсофе медоштанд, аҳолии хешро аз дохили кишвар бо пешниҳоди имтиёзоти махсус ба ҷойҳои тасхиркарда намекӯчониданд.
Дар баробариин аз шабакаҳои интернетӣ тоҷикистониёнро ҳамлагару таҷовузкор номида, худро чун мусичаи бегуноҳ ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардаанд. Бо чунин туҳмату буҳтонҳои гушношунид кӯшида истодаанд, ки обрую эътибори тоҷиконро паст зананд ва барои ин на виҷдони инсониву на инсофи мусулмонӣ дар онҳо боқӣ мондааст.
То кадомандоза ин ҳамсоя чашми дидани тоҷиконро надоранд, ки дар баъзе аз сомонаҳо даъвои то лаби дарёи Сир ҳудуди худ номида ноҳияи Конибодому (аз Арқа) Бобоҷон Ғафуровро (аз болои Хистеварз) ба инобат намегиранд.
Ба ин ҳамсояи баднафсу дур аз шарафи инсонӣ фақат як чизро хохонам, ҳамеша бошӣ, вале дар миёни мардуми бохиради ҷаҳон бошӣ, Замин на аз ману туст, балки мо аз они Заминем.