“Ҳафтаи забони арабӣ” дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои шарқ "Ҳафтаи забони арабӣ" таҳти унвони "Забони мо - ҷаҳони мо" оғоз шуд. Ташаббуси мазкур бахшида ба 25-солагии таъсиси факултети забонҳои шарқ ва "Рӯзи байналмилалии забони арабӣ" бо иқдоми кафедраи грамматикаи забони арабӣ роҳандозӣ шуд.

Дар маросими ифтитоҳ декани факултет дотсент Эҳсонзода Малоҳат Эҳсон донишҷӯёну устодонро бо оғози ҳафта табрик намуда, изҳор дошт, ки маҳбубияти забони арабӣ дар факултет аз иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабиниҳои ҳафта муайян мегардад. Ҳамзамон, қайд шуд, ки муҳити забонӣ бояд на танҳо дар доираи ҳафта, балки дар рӯзҳои дигари таълим низ фароҳам оварда шавад.

Мақсади асосии ташкили “Ҳафтаи забони арабӣ” бедор намудани ҳисси забономӯзӣ, дӯст доштани забонҳои хориҷӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва эҳтироми фарҳангҳои дигар миллатҳо унвон мешавад.

Дар рӯзи аввали ҳафта озмуни "Хаттоти беҳтарин" баргузор гардид. Дар ин озмун, донишҷӯён маҳорати хешро намоиш доданд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои озмун рӯзи 18 декабр ҷамъбаст ва иштирокчиён бо туҳфаҳо қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ