​Ҳафтаи илм дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар доираи Ҳафтаи илм чорабиниҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус намоиши дастовардҳои илмии устодону донишҷӯёни факултет ташкил гардида, таҳқиқоти илмии тоза ва китобҳои устодон муаррифӣ гардид.

Ин чорабинӣ бо мақсади тақвияти ҳамкории устодон ва донишҷӯён ва рушду инкишофи раванди илм дар факултет ташкил шуда, дар рафти он муҳаққиқон ва донишҷӯён дар бораи корҳои илмии худ баромад карданд.

Ҳамзамон, маҳфили илмии “Забоншинос” ва “Камолоти инсон” доир шуд, ки дар он маърӯзаҳо шунида шуда, баҳсҳои илмӣ сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ