Афсари ботаммалук!
Воқеаҳои санаҳои 27 -28 январи соли равон дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара баамаломада ҳувайдо сохт, ки ҷавонмардиро натавонад ҳар фард бардошт. Ваъдахилофию аҳдшиканӣ дар иҷрои созишҳои дутарафа барои ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон дар баҳсҳои ҳамсарҳадӣ одати бад шудаасту “тарки одат балои ҷон”- ро мемонад. Фирефта шудани мардуми оддии қирғиз ба иғвою дасисаҳои хоҷагони хориҷӣ ва тарҳу сенарияи онҳоро фаҳмидан мумкин бошад ҳам, иштироки сиёсатмадорону мансабдорони давлатиро дар ин бозиҳои сиёсӣчӣ тавр бояд баҳо дод?. Зеро, устувории ақидаю ғоя ва аҳду паймон хоси ҷавонмардон асту на ҳама шоистаи чунин сифат мебошанд.
Ҳарзаю сафсатаҳои К.Тошиеви айёрро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти даврӣбисёр шунидаву хондаем ва тасаввур карда метавонем, ки нафари сатҳи пасти сиёсатмадорӣ асту нашояд аз ӯ муносибату рафтори ҷиддиро интизор шуд. Чунки, нафаре, ки сири созишҳои дуҷонибаро ба ҳамагон ошкор кардаву таҳлилу андешаи худро чун ҳақиқати ҳол баён менамояд, сифати мардӣ надорад. Дар урфият ишорае ҳаст, ки “сири мардон нуҳуфта” ва таъбири онро нисбати Тошиев наметавон истифода кард.
Ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мушоҳида гардид, ки дар назди суханҳои оқилона ва андешаронии воқеъибинонаи намояндаи Тоҷикистон С.С. Ятимов мансабдорони қирғизистонӣ, аз он ҷумла Тошиев ҷуръати зиддият надоранду пурра розӣ буданро изҳор доштанд. Хусусан, кирдору рафтори роҳбари мақомоти амнияти миллии ҳамсоякишвар хеле мароқангез буд, ки шаҳодати тамаллуқу хушомадгӯӣ ба намояндаи мо буд. Зеро, муҳтарам Ятимов касбияти баланди роҳбарӣ, садоқат ба Ватан, ҷавонмардӣ дораду на ҳар фард тавонад бо ӯ дар баробарӣ сухан гӯяд. Бо тамаллук розӣ будан ба ҳамаи суханони намояндаи Тоҷикистон, аввало нишонаи будани ҳақиқати воқеӣ дар ҷониби мост ва баъдан иқрори ҷониби муқобил ба амалҳои носазою ваъдахилофии худ мебошад. Афсарро намезебад тамалуқкорӣ, зеро мебоист пеш аз амал андешаи оқибати онро фикр кард.
Ҷониби Қирғизистон бояд дарк намоянд, ки Тоҷикистон мӯҳтоҷи ҳудуди бегона нест, вале ягон ваҷаб сарзамини худро ба каси дигар нахоҳад дод ва ҳаргиз бадал нахоҳад кард
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”