​АҲАММИЯТИ ЗАБОНОМӮЗӢ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мусаллам аст, ки забон воситаи муҳимтарини ифодаи фикр ва робитаи байни инсонҳо мебошад ва бидуни забон ҳаёти инсонро тасаввур кардан имконнопазир аст. Инсон дар куҷое бошад, аз забони модарии худ ё аз дигар забон истифода мебарад. Яъне забон новобаста ба кадом оилаву гурӯҳ мансуб буданаш, вазифаи худро иҷро менамояд, шахсро ба мақсадаш мерасонад. Азбаски забон чунин неъмати беназир аст, ҳар як шахс онро бояд гиромӣ дорад, баробари равнақи илму техника густариш диҳад.

Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба шумор рафта, то имрӯз тадриҷан рушд намуда, мавқеи худро дар байни дигар забонҳои машҳури ҷаҳон нигоҳ доштааст. Ин забонро Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Синову Хайём, Айниву Турсунзода ва дигарон бо осори гаронбаҳои хеш поку беолоиш ҳифз кардаанд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварии давлатиро ба уҳда гирифта, нуфузи забони тоҷикиро боз ҳам баланд бардоштанд. 5 -уми октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти рақами 553 ба имзо расид. Дар моддаи 3 (Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) қайд шудааст:

«1.Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ аст.

2.Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.

3.Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

Қонуни мазкур барои омӯхтани забони давлатӣ ва истифодаи он дар Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Қабул ва ҳимояи забони давлатӣ бошад, яке аз талаботҳои давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Бояд эътироф кард, дар кишвари мустақили мо шаҳрвандоне ҳастанд, ки забони модарии онҳо тоҷикӣ нест ва онҳо метавонанд аз забони модариашон озодона истифода баранд. Дар ин бора дар моддаи чорум (Забонҳои дигар)-и Қонун омадааст: «1.Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд». Маълум мешавад, дар умум, Қонуни мазкур корбасти забони халқиятҳоро дар Тоҷикистон манъ намекунад. Забон новобаста ба кадом миллат тааллуқ доштанаш дар фаъолияти иҷтимоии инсон муҳим мебошад. Чи тавре ки Пешвои миллат таъкид кардаанд, забон омили муҳимми якдигарфаҳмии одамон ва пайванддиҳандаи риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳост. Аз ин лиҳоз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои истифодаи дигар забонҳо дар мамлакатамон шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи дуюм, боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гаридааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд». Азбаски забону забономӯзӣ яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа ба шумор меравад, Пешвои миллат дар суханронӣ ва асарҳои худ забони тоҷикиро ҳамчун як намунаи худшиносии миллӣ арҷгузорӣ менамоянд. Масалан, дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат (20 марти соли 2002, шаҳри Душанбе) таъкид мекунанд, ки забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ ва дунё волотарин меросест, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун дурдонаҳои пок то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидаст. Мо бояд ин мероси маънавии бебаҳоро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта, рушду такомул диҳем.

Бояд эътироф намуд, ки Пешвои миллат бо андешаҳои дурбинонаи хеш дар бобати рушд ва такомул додани забони тоҷикӣ (давлатӣ) намунаи ибрат мебошанд. Пешвои миллат дар суханронии навбатӣ ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ (21 июли соли 2007, шаҳри Душанбе) ба назди давлат вазифаи муҳим гузошта таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он заминаҳои мусоид фароҳам оварда, ҳама гуна маҳдудиятҳо ва монеаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф месозад. Бо ташаббус ва ғамхориҳои Роҳбари давлат бо мақсади баланд бардоштани нуфузи забони давлатӣ дар кишварамон ҳамасола Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Инчунин, бо мақсади ҷалб намудани тамоми ҷомеа ба ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба забони модарӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2008-ум «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардад. Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон вазифадор шуд, ки якчанд масъалаҳои вобаста ба рушди забони давлатиро мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор диҳад. Пешниҳоду супоришҳои мазкур саривақтӣ ва хеле муҳим буданд ва масъулону мутахассисони соҳа аз имкониятҳои мавҷуда самарабахш истифода намуданд ва дар натиҷа дар раванди таълим ислоҳоти ҷиддӣ рух дод: китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ нашр шуда, дар худ ҳувияти миллиро пайдо намуд, истилоҳҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби захираи луғавии забони тоҷикӣ иваз карда шуд ва ғайра. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар суханронӣ ба чопи фарҳанги нав, грамматикаи забони тоҷикӣ ишора шуда буд ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (ФТЗТ) иборат аз ду ҷилд (Душанбе, 2008) чоп гардид. Фарҳанги мазкур беш аз 80 ҳазор вожаву ибора ва таркибҳои забони тоҷикиро фаро гирифта, аз лиҳози сохтор калимаву таркиб ва истилоҳоти ҳам давраи классикӣ, ҳам давраи муосирро дар бар гирифтааст. Бояд гуфт, ки то чопи фарҳанги нав «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ФЗТ) иборат аз ду ҷилд (Москва, 1969) дар истифода қарор дошт. ФТЗТ аз ФЗТ аз ҷиҳати ном, сохт, имло ва ғ. тафовут дорад. Масалан, луғати дуюм (нав) мувофиқ ба вазифааш (тафсир додан) «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» номгузорӣ карда шудааст. Аз ҷиҳати сохт ба ҳисоб гирем, калима ва ибораҳо аз рӯи тартиби алифбои нави забони тоҷикӣ ҷойгир мебошанд. Вожаҳое, ки баъд аз Истиқлол аз нав барқарор гардидаанд, ворид карда шудааст. Инчунин, аз ҷониби мутахассисони соҳаи забоншиносӣ бахшида ба фаъолияти дурбинонаи Пешвои миллат, сиёсати давлатии забон дар Тоҷикистон китоб таҳти унвони «Пешвои миллат ва сиёсати забон» аз чоп баромад. Китоби мазкур аз се фасл иборат буда, дар он сухан дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди арзишҳои маънавӣ, бунёди ваҳдати миллӣ, ташаккули сиёсати забон дар Тоҷикистон, нақши забон дар рушду камоли миллату давлат ва ғайра меравад.

Инчунин, нашри дуюми «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» иборат аз ду ҷилд чоп гардид. Ҷилди якум фонетикаю морфология ва ҷилди дуюм синтаксисро дар бар мегирад. Бояд эътироф кард, ки «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» дар забоншиносии тоҷик мавқеи хоса дорад, нашри дуюми он мувофиқи талаботи ҳозира аст. Масалан, дар нашри мазкур истилоҳҳои иқтибосии забоншиносӣ то қадри имкон бо қаринаи тоҷикиаш иваз карда шудааст, қайдҳои китоб мувофиқи имлои имрӯза мебошад.

Барои муқоиса ва хулосабарорӣ доир ба масъалаи забономӯзӣ аз Паёмҳои Пешвои миллат дар зер се иқтибос меорем.

1. «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини «роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

2. «Мо бояд забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ба роҳ монем. Мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандону набераҳоямон ҳанӯз аз муассисаи томактабӣ сар карда, забони тоҷикиро хуб аз худ намоянд».

3. «Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад».

Аз муқоисаи суханрониҳои болоӣ доир ба забон ва забономӯзӣ маълум мешавад, ки Пешвои миллат барои донистани забонҳои хориҷӣ забони модариро заминаи асосӣ меҳисобанд. Зеро донистаи қоидаҳои забонӣ доир ба забони модарӣ ба омӯзиши дигар забонҳо мусоидат менамояд. Ҳоло, ки асри пешрафти илму техника ва технология мебошад, баҳраманд шудан аз натиҷаҳои назарраси он аз кас донистани на фақат забони давлатиро, балки забонҳои хориҷиро низ талаб менамояд. Барои мукаммал донистани забонҳои хориҷӣ омӯзишро тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба роҳ мондан аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин ҷода, ҷалби омӯзгорони забонҳои хориҷӣ зарур мебошад. Лекин бояд ба ҳисоб гирифт, ки барои донистани забонҳои хориҷӣ ва завқи ҷавонон хизмати омӯзгор кифоя нест. Барои фароҳам овардани шароити мувофиқ барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ саҳми волидайн низ зарур аст. Барои ҳамин Пешвои миллат дар Паём ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид менамоянд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Муроҷиати мазкур хеле мувофиқ мебошад, зеро имрӯз теъдоди зиёди шаҳрвандонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва синну соли онҳо барои забономӯзӣ мусоидат менамояд. Рооҳбари давлат бо андешаи хирадмандона ояндаи ҷавонон ва пешрафти иҷтимоии минбаъдаи ҷамъиятро ба инобат гирифта таъкид карданд, ки дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандонро надорад. Зеро пешрафти илму техника ва технологияи муосир бе донистани забонҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои тараққикарда ва ҷаҳони мутамаддин имконнопазир аст. Бояд дар хотир дошт, ки фаъолияти ҷавонон ҳамеша дар зери назорати давлат мебошад ва давлат нисбат ба онҳо ғамхорӣ намуда шароит фароҳам меорад.

Хушбахтона, дар давлати соҳибистиқлоламон омӯзгорон нисбат ба таълиму тарбияи ҷавонон эътибор медиҳанд. Онҳо аз рӯйи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5 октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, доир ба усулҳои навини омӯзиши забон чораҳои қатъӣ андешида истодаанд. Мувофиқи моддаи 8-ум, боби 3-юми Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо дар интихоби забони таҳсил озодӣ дода шудааст. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳуриамон теъдоди муайяни хонандагон ва донишҷӯён бо забонҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки ин ба завқу қобилияти онҳо вобаста аст.

Бояд эътироф кард, ки имрӯз сатҳи дониши ҷавонони Тоҷикистон ба талаботи хориҷии кишвар доир ба забонандӯзӣ ҷавобгӯ мебошад, ки ин барои таҳсил ва таҷрибаомӯзии онҳо дар хориҷа мусоидат менамояд. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд, имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Бояд эътироф кард, ки дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ бартараф гардида, барои баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ доир ба забоншиносӣ асарҳои зиёде ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, бо ифтихор гуфта метавонем, ки Сарвари давлатамон чун рамзи эҳтиром нисбат ба забон асари тозаэҷод таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро барои ҳаводорони забони тоҷикӣ пешкаш намудаанд.

Агар ба номи асар эътибор диҳем, ба фикри мо, дар ном ду мафҳуми асосӣ – забон ва миллат муҷассам аст. Ин ду мафҳум бо ҳам алоқаи ногусастанӣ дорад. Зеро дар куҷое, ки миллат (инсон) ҳаст, дорои забони миллӣ (модарӣ) мебошад. Тавассути забон миллӣ (модарӣ) миллат (вакили миллат – шахс)-ро муайян кардан мумкин аст. Хулоса, гиромӣ доштани забон ин эҳтиром ба миллат (шахс) аст.

Асар аз ду китоб иборат буда, китоби якум (Душанбе, 2016) давраҳои таърихии бунёди забони тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар байни забонҳои эронӣ, вожаи «тоҷик» ва муродифҳои он, мафҳумҳои «форсӣ», «дарӣ» ҳамрадифи онҳо ва ғайраҳо дар асоси далелҳои илмӣ баррасӣ шудаанд.

Хуллас, имрӯз дар кишвари тинҷу ороми соҳибистиқлоламон барои омӯзишу рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он, азхудкунии забонҳои хориҷӣ шароити фаровон фароҳам оварда шудааст, ки ба ҳамаи ин дастовардҳои беназири миллат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гаштаем.

С.Б. Иноятов,

устоди Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ