Аҳамияти иттиоллоти шабакавӣ дар таъминоти бехатарии иқтисодиёти миллӣ

Комёбиҳо дар соҳаҳои технологияи ахборӣ – коммуникатсионӣ дар фаъолияти инсоният ба ташаккули имкониятҳои сохтори нави ташкилӣ ва инстутсионалӣ оварда расонд. Яке аз онҳо иттиоллотии шабакавӣмебошад, яъне сифатан шакли нави тартиботи иқтисодӣ, ки аз муносибатҳои иқтисодии шаклҳои бозорӣ ва иерархӣ дар иқтисодиёти миллӣ ташаккул ёфт, ки мақсади таъминоти бехатарии иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Дар бораи самтҳои аҳамияти и сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки таъминити бехатарии иқтисодиёти миллӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».
Иттиоллотии шабакавӣяке аз самтҳои аҳамиятииқтисодӣ ва фаъолияти босуръат буда, имкониятҳои иқтисодиёти миллиро нишон медиҳад. Зеро иттиоллотии шабакавӣ– ин сохтори ба таври систематикӣ ташкилшудаи доираи муносибатҳо дар шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва интернетҳо дар худ истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ ва додани технология ва маҳсулотҳои нави информатсионӣ буда, гардиши молу хизматҳоро зиёд мекунад.
Дар ташаккули модели рушди саноатӣ-аграрӣ ба иттиоллотии шабакавӣҳамчун фаъолияти аҳамияти и инноватсионӣ диққати асосӣ дода мешавад.
Иттиоллотии шабакавӣбо фаъолият ва истифодаи телекоммуникатсияи рақамӣ (шабакаҳои электронӣ) самаранокии баланди ва бехатарии иқтисодиро таъмин менамояд.
Назарияи иттиоллотии шабакавӣдар худ пуррагии барномаи методологии тавсифдиҳандаи хусусият ва хислатҳои системаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии асри XXI-ро нишон медиҳад.
Мафҳуми «ҷомеаи иттилоотӣ», ки И.Маъсуд пешниҳод кардааст, марҳилаи пешрафтаи ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки ба эҷоди оммавии дониш асос ёфтааст, аллакай дар ибтидои асри XXI ташаккул ёфтааст.
Мафҳуми «иттиоллотии шабакавӣ» ҳанӯз аз ҷониби ҳама пазируфта нашудааст ва аз ин рӯ, дар баробари он дигар мафҳумҳо низ истифода мешаванд, аз қабили иқтисодиёти иттилоотӣ, иқтисодиёти робитаҳои мустақим ва ғайра.
Мафҳуми «иттиоллотии шабакавӣ » ҳамчун муҳити фаъолияти иқтисоди электронии ҷаҳонӣ фаҳмида мешавад, зеро низомҳои иқтисодӣ на ба он чизе, ки истеҳсол мешавад, балки чӣ истеҳсол мешавад, бо кадом воситаҳои истеҳсолот фарқ мекунанд. Ин махз дар онҳо кувваҳои аҳамияти и истеҳсолкунанда-одамро инкишоф медиҳанд.
Барои омўзиши иттиоллотии шабакавӣ, ба андешаи мо, шароити ташаккули он, миқёс ва хусусиятҳои фаъолияти онро таҳлил кардан лозим аст.
Шарти барпо намудани иттиоллотии шабакавӣиваз кардани сохтори технологии 4-ум (инкишофи мошинсозии махсус ва химизатсияи истеҳсолот) ба 5-ум (технологияҳои навтарини ҳисоббарор ва информатсионӣ, алоқаи кайҳонӣ, нахи оптикӣ, биотехнология) мебошад.
Натиҷа ҳамин аст, ки дар иқтисодиёти шабакавӣ истеҳсолоти автоматиконидашуда, роботҳо, асбобҳо, дастгоҳҳо ва мошинаҳо, инчунин одамон бо ҳам алоқаманданд.
Технологияҳои нави оптикӣ ва нейронӣ (дар аҳамиятимоделсозии компютерии майнаи инсон) дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ имкониятҳои бесобиқаро мекушоянд.
Асосирушди иттиоллотии шабакавӣназарияи Г.Бенеско мебошад. Ба гуфтаи Г.Бенеско, ҷомеаҳои электронӣ таъсис дода мешаванд, ки ҳадафашон ба дастгирии соҳаҳо ва соҳаҳои дахлдор ё вазифаҳои соҳибкорӣ нигаронида шудааст.
Рушди иттиоллотии шабакавӣдар кишварҳои гуногун ва замонҳои гуногун далели заминаҳои технологии рушди шабака, масъалаҳои шабакавӣ ва соҳибкорӣ мебошад.
Шарти назариявии рушди иттиоллотии шабакавӣтамоюли ҷустуҷӯи захираҳои нав ва роҳҳои самараноки истифодаи онҳо ва таъминоти бехатарии иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Дар системаи иқтисодӣ ба иттиоллотии шабакавӣнақши воситаи тақсимоти самараноки захираҳои маҳдуд гузошта шудааст.
Барои ҳалли масъалаҳои рушди маҷмааи иттиоллотии шабакавӣамсилаҳои иқтисодӣ - математикии ҷойдошта, ё такмил намудани онҳо, ё коркарди амсилаи зарурии иқтисодӣ-математикӣ зарур мебошад. Вобаста аз натиҷаи таҳлили амсилаҳои рушди иттиоллотии шабакавӣ, таснифи амсилаҳои фаъолияти иттиоллотии шабакавӣасоснок ва мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин ба дастгирии барномаҳои рушди иттиоллотии шабакавӣва фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ тадбирҳои мушаххас зарур мебошад.
Дар иқтисоди ҷаҳонӣ марҳилаҳои зерини рушди иттиоллотии шабакавӣҷудо карда мешаванд:
Дар марҳилаи якуми (солҳои 1960—1970) пайдоиши мошинҳои электронии ҳисоббарор (компютерҳо) ва системаи шабакаҳои ҳисоббарор тартиб дода шуда, модели мубодилаи иттилоот ба вуҷуд оварда шуд.
Дар марҳилаи дуюм (солҳои 1970—1980) аввалин микропротсессорҳо ва кортҳои хотира сохта шуда, консепсияи ташаккули шабакаҳои компютерӣ таҳия карда шуд.
Дар марҳилаи сеюм (солҳои 1980–1990) фазои интернет ба вуҷуд омад, системаҳои автоматии идоракунии дороиҳои истеҳсолӣ ҷорӣ карда шуданд, принсипҳои тиҷорати электронӣ пайдо шуданд.
Дар марҳилаи чорум (1990–2000) шабакаи ҷаҳонии интернет таҳия карда шуд World Wide Web, EDI (мубодилаи маълумотҳои электронӣ), принсипҳои рушди тиҷорати электронӣ ба таври назаррас тағйир ёфтанд.
Марҳилаи панҷум (соли 2000 - давраи муосир) боиси афзоиши фавқулоддаи истифодабарандагони Интернет ва рушди системаи савдои электронӣ бо истифода аз почтаи электронӣ гардид.
Парадигмаи гузариш ба иқтисодиёти саноатӣ-аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои иттиоллотии шабакавӣзич алоқаманд аст, ки мантиқи навъи фаҳмиши ҷараёнҳои иқтисодиро талаб мекунад.
Рушди иттиоллотии шабакавӣбо таҳияи технологияҳои муосир ва кам кардани хатарҳо алоқаманд аст.
Иттиоллотии шабакавӣин ташкил ва истифодабарии фишанги таъминкунандаи нигаҳдории самаранок, гирифтан ва додани ахборот ба ҳисоб меравад.
Иттиоллотии шабакавӣдар аҳамиятииқтисодиёти зеҳнӣ ва инноватсионии он ташаккул меёбад.
Замимаи иқтисодии ташаккули иттиоллотии шабакавӣинҳоянд:
Асосҳои консептуалии ташаккули иттиоллотии шабакавӣ , аз як тараф модели иқтисодии ҷомеаи шабакавӣ ва аз тарафи дигар усули воридшавии иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад.
Иқтисодиёти шабакавӣ -ин муҳитест, ки дар он ҳамаи намуди ширкат ва индивиди дар нуқтаи гуногуни системаи иқтисодӣ қарордошта, метавонад ба таври осон ва бо ҳароҷоти кам бо дигар ширкат ва ё индивид аз рӯи технологияи ташкили истеҳсолот алоқа намояд.
Махсусан, иттиоллотии шабакавӣ-ин ҳамкорӣ, савдо, мубодилаи ғояҳо ва ё ноу-хау ва ё қонеъгардонии талаботи онҳо мебошад. Шарти аҳамияти и мавҷудияти иттиоллотии шабакавӣин рушд ва паҳншавии интернет-технология ва интиқоли намудҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба муҳити электронии интернет ва ташкили баҳамалоқамандӣ дар таҷрибаи иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дигаргунсозии ташкилиҳо дар иттиоллотии шабакавӣхати амудии иерархиро дар иқтисодиёт инъикос мекунад.
Дар аҳамиятитезисҳо мо метавонем муайян кунем, ки иттиоллотии шабакавӣяк роҳи усули хоҷагидорӣ мебошад, ки бо ёрии он маҳсулоти истеҳсолшуда одилона тақсим карда мешавад.
Иттиоллотии шабакавӣин муҳитест, ки дар он ҳамаи намуди ширкат ва индивиди дар нуқтаи гуногуни системаи иқтисодӣ қарордошта, метавонад ба таври осон ва бо ҳароҷоти кам бо дигар ширкат ва ё индивид аз рӯи технологияи ташкили истеҳсолот алоқа намояд.
Хусусиятҳои консептуалии ташаккули иттиоллотии шабакавӣ, дар таъминоти бехатарии иқтисодиёти миллӣ:
1. Амалҳои такрорӣ ва автоматиро беэътибор мегардонад ва тасаввуроти арзишӣ, эҷодкорӣ, асолатро зиёд мекунад;
2. Маҳсулоти истеҳсолкардаи иттиоллотии шабакавӣаз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мебошад;
3. Дар шароити шабака вобастагии шахс аз истеҳсолкунандагони мушаххаси молу хидматҳо аз байн меравад, зеро барои ҳар кадоми онҳо иқтисодиёти шабака метавонад ивазкуниро пешниҳод кунад.
Хусусиятҳои ташаккули иттиоллотии шабакавӣчунин ҳастанд:
- тағйирёбии сохтори шуғл дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ бо воситаи хизматрасонии тақсимотӣ;
- тағйирёбии нақши омилҳои муҳити атроф дар зинаи рушди баъди индустриявӣ вобаста бо рушди истеҳсолоти ҷаҳонӣ ва ҷамъшавии партовҳои саноатӣ дар муҳити табиат;
- иттиоллотии шабакавӣба рушди ҷараёни оммавишавӣ мусоидат мекунад;
- кам шудани хатари истеъмолкунандагон аз ҳисоби дастрасӣ ба ахборҳои камарзиш ва пурраи ба пешгӯии аниқи ҳодисаҳои имконпазир имкондиҳанда.
Нисбатан оддӣ ва содда будани ташаккули иттиоллотии шабакавӣдар шароити кишвар, имконияти танзими давлатӣ ва бозории рушди иттиоллотии шабакавӣ, ташаккули иттиоллотии шабакавӣдар шаклҳои гуногуни моликият ва имконияти пурратар қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ва муайян намудани омилҳои рушди он, инъикос меёбад.
Иттиоллотии шабакавӣмаънои ташкили чунин муҳитеро дорад, ки дар он ягон ширкат ё шахсе, ки дар дилхоҳ низоми иқтисодӣ ҷойгир аст, метавонанд ба осонӣ ва бо хароҷоти кам бо ягон ширкати дигар ё шахс барои кори якҷоя, мубодилаи ақидаҳо ва донишҳо ё ин ки барои хушнудии алоқа ҳамкорӣ кунанд. Дар аҳамиятиин таркиби соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавиро муайян менамоем.
Сенарияҳои шабакавӣ метавонанд ба тиҷорати хурд, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти баландтехнологӣ (био ва нанотехнологияҳо, дорусозӣ, IT ва ғайра) татбиқ карда шаванд.
Тамоюлҳои иттиоллотии шабакавӣбо эҷод ва навсозии нармафзор, микросхемаҳои компютерӣ, алоқаи мобилӣ ва ғайра, умуман он намудҳои фаъолияти инсон, ки ба пешрафти техникӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дахл доранд, алоқаманд аст.
Дар айни замон, иттиоллотии шабакавӣбо он соҳаҳои иқтисодиёт, ки самаранокии онҳо аз дараҷаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар равандҳои истеҳсолот вобаста аст, алоқамандии зич дорад.
Истифодабарии бомувафаққияти технологияи ахборӣ дар иттиоллотии шабакавӣташкилотро ба сохтори шабакавӣ табдил медиҳад, ки ба он сифати навро медиҳад, аз ҷиҳати оморӣ бо шакли анъанавии пешинаи мавҷудияти он муқоисанашаванда мебошад.
Афзалияти аҳамияти и ин аз беҳтаргардонии истифодабарии ҳамаи захираҳои ташкилот барои баланд бардоштани чандирии он ва мутобиқшавӣ ба муаммоҳои дохила ва беруна, баланд бардоштани сифати қарорҳои қабулшаванда ва мутаносибан баланд бардоштани рақобатпазирӣ иборат аст.
Иттиоллотии шабакавӣ механизмҳои бозорӣ ва нақшавиро дар ягонагии худ муттаҳид месозад.
Иттиоллотии шабакавӣдар 2 зина ташаккул ёфтааст:
- ташаккули муҳити ахборӣ;
- рушди иттиоллотии шабакавӣ.
Дар парадигмаи ахборӣ рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ 2 рохи ташаккул ва рушди муҳити ахборӣ ва дар навбати худ иттиоллотии шабакавӣмавҷуд мебошад.
Роҳи аввали ташаккули иттиоллотии шабакавӣ: муҳити инноватсионӣ барои ҷараёни азнавистеҳсолии ҳаёти ҷамъиятӣ худи одамон дар муносибатҳои муайян баромад менамоянд.
Роҳи дуюм ташаккули иттиоллотии шабакавӣин пайдоиши иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Ҳамин тавр иттиоллотии шабакавӣдар аҳамиятииқтисодиёти зеҳнӣ, сохторҳои ташкилӣ, омехта ва инноватсионии он ташаккул меёбад.
Рушди минбаъдаи иттиоллотии шабакавӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёд шудани истифодаи иттилоот алоқаманд мешавад.
Зеро, иттиоллотии шабакавӣин ташкил ва истифодабарии технологияҳои муосири электронӣ, истеҳсол ва истеъмоли маълумот, технологияи истеҳсолот, сармояи зеҳнии инсон ва иттилоот мебошад. Иттиоллотии шабакавӣдар аҳамиятииқтисодиёти зеҳнӣ (сармояи зеҳнӣ) ва инноватсионӣ ташаккул меёбад.
Ҳамин тавр, иттиоллотии шабакавӣдар таъминоти бехатари иқтисодиёт аз баланд бардоштани гардиш, азнавистеҳсолкунӣ ва паҳншавии ахбор иборат буда, рушди дурнамои иқтисодиёти минтақа вамиллиро таъмин менамояд.
Исмоилов М.М.-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”
ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022 [манбаи электронӣ]. – URL: http://prezident.tj/node/29823 (санаи истифодабарӣ: 23.11.2023)
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 [манбаи электронӣ]. – URL: http://prezident.tj/node/8136 (санаи истифодабарӣ: 03.12.2023)
- Бойматов А.А. Формирование стратегии устойчивого развития региональной экономики. Коллективная монография / А.А. Бойматов, А.Х.Авезов, Т.Р. Ризокулов, и др. – Душанбе: «Ирфон», 2014. – 279 с.
- Дятлов С.А. Информационно-сетевая экономика: структура, динамика, регулирование. Монография / С.А. Дятлов, В.П.Марьяненко, Т.А.Селищева. – СПб: Астерион, 2008. – 416 с.
- Гусев А.А. Сеть как особый тип координирующих структур в современной экономике / А.А. Гусев, Е.М. Мезенцев // Современная наука. Актуальные проблемы теории и практики. – 2017. – №10. – С.19-28.
- Дегтярёва С. В. К вопросу о содержании сетевых отношений и их месте в институциональной структуре национальной экономики / С.В. Дегтярёва, А.А. Земляков // Вестник Омского университета. – 2010. – №1. – С.110-115.
- Исмоилов М.М. Математическая модель определения потребности на платные услуги / М.М. Исмоилов // Номаи Донишгоҳ. – 2017. – № 1. – С. 34-45.
- Исмоилов М.М. Танзимкунии давлатии савдои байналхалқӣ дар иқтисодиёти рақами // Системаҳои иттилоотӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд: маводи конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ (ш. Хуҷанд, 3-юми апрели соли 2020). – Хуҷанд, 2020. – С. 280-285.
- Исмоилов М.М. Функционирование рынка труда и занятости в трудоизбыточной экономике Республики Таджикистан / М.М. Исмоилов // Экономика Таджикистана. – 2020. – №4(2). – С.152-155.
- Исмоилов М.М. Характеристика промышленного потенциала Согдийской области Республики Таджикистан / М.М. Исмоилов // «Региональная экономика: вызовы глобальной трансформации ХХ1 века». – Ростов-на Дону, ЮФУ, 2022. – С.342-349.
- Исмоилов М.М. Эволюция концепций институциональных изменений в системе аграрных экономических отношений / М.М. Исмоилов // Вестник ТГУПБП. Серия общественных наук. – 2021. – №2(87). – С.5-15.