Андешаҳо доир ба филми «Бешарафӣ»
Якум. Намоиш дода шудани қисми 7-уми силсилафилми «Хиёнат» маро ба ваҷд овард ва эҳсосотамро ба таҳрик даровард. Дар ин филм нишон дода шудааст, ки чӣ тавр як навраси тоҷик ба доми фиреби муллоён ва баъд гирифтори фиребу уқубати қумондонҳои Афғонистон мегардад. Мулло Шариф, ки ба ў бояд дарс мегуфт, писараки 12-13 соларо ба қумондони афғонӣ мефурўшад. Ин албатта, як фоҷиа аст, ки ба айби падари ин писар, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ном дорад, рух додааст. Мулло Қаландар – падари Муҳаммадиқбол яке аз саркардаҳои ҳизби наҳзат будааст ва ҳангоми муҳоҷират дар кишвари ҳамсоя фарзандаш ба ин рўз омада расидааст.
Имрўзҳо мебинем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаҳои интернетӣ фаъол аст ва бар зидди ҳукумати Тоҷикистон суханони носазоро паҳн мекунад. Дастовардҳои миллатро нодида мегирад. Ин албатта нишонаи ношукрӣ ба кишвари азизамон мебошад.
Шукрона кардан лозим аст, ки бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезагон аз қаламрави Афғонистон баргардонида оварда шуданд.
Муҳим он аст, ки ҷавонон ба саҳифаҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ворид гардида, ба суханони Муҳаммадиқболи Садриддин бовар накунанд ва ба доми фиреби ў гирифтор нагарданд.
Дуюм. Аз филми «Бешарафӣ» ба ман аён гашт, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар баробари фиребгару ҳаннот ва пули мардумхўр буданаш ба бемории бешарафӣ гирифтор гаштааст. Албатта, шунидани ин ки як ҳаммиллатат дар хориҷа бешараф гаштааст, одамро ба риққат меорад. Аммо чӣ илоҷ, воқеият воқеият мемонад.
Дар филм коршиносон ва равоншиносон шарҳ доданд, ки чунин инсонҳо аз ҷомеа бисёр чизҳоро мехоҳанд ва меҳрубонӣ талаб мекунанд. Аммо чун ин чизро аз касе гирифта наметавонанд, дар вуҷудашон нафрат пайдо мегардад. Нафарати Муҳаммадиқбол аз ҳамаи ҷомеа аст, аз тамоми нафароне аст, ки мисли ў азоби сахт накашидаанд. Ин албатта, ҳолати хатарнок мебошад, зеро ў мехоҳад, ки аз ҳамаи одамон қасос гирад.
Ба таври дигар гўем, Муҳаммадиқболи Садриддин дар давраи кўдакӣ кўдакии талхро гузаронидааст ва ба ин талхиҳо гирифтор гаштанаш ба айби падараш будааст. Дар филм равоншиносон ба таври кушод гуфтанд, ки ҳадафи Муҳаммадиқбол қасос гирифтан ва ё гирифтор кардани ҳамагон ба ҳолати мудҳиш аст. Коршиносон андешаҳояшонро ба таври мукаммал баён карданд. Ўро беморӣ водор мекунад, ки нисбати дигарон нафрат дошта бошад ва ба сари сари дигарон ҳам рўзҳои сахти аз сараш гузаштаро таҳаммул кунанд.
Дар оғози филм шоҳидон гуфтанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба таври қаллобӣ ва роҳи фиреб аз чанд нафар маблағ ситонида, онро барнагардонидааст.Албатта, ин қаллобӣ аст ва бо роҳи фиреб аз мардум пул ситонидан ва онро барнагардонидан бешарафӣ ва беномусӣ аст.
Филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» тавонист, ки доир ба шахсияти Муҳаммадиқболи Садриддин бисёр чизҳоро равшан кунад. Дигар мардум медонанд, ки ба суханрониҳои ў чӣ гуна ҷавоб гардонанд.
Сеюм. Вақте сухан дар бораи мухолифин меравад, ин фаҳмо аст, ки касе онҳоро ҷониюдорӣ намекунад. Филми «Бешарафӣ» дар бораи Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки чӣ тавр хиёнат кардааст, падараш чӣ тавр кўмакҳои Созмони милали муттаҳид ва Салиби Сурхро, ки барои гурезагони тоҷик ҷудо мешуд мефурўхтааст ва даромад ба даст меовардааст, гуфта шуд, ки ин беҳтарин аст.
Боз як чӣ дар ин филм аён гашт, ки дар оилае, ки хурофот ҳукмрон аст, дониши казоии динӣ ва дунявӣ нест, кас ба ҷои ёд гирифтани асосҳои дин, танҳо қисматҳоеро фаро мегирад, ки барои тарғиби хурофоту авомфиребӣ лозим аст.
Аммо як чизе ки аз ин филм барои ман хушоянд набуд, воқеаи нангини ҳамчун духтар ва баъд ҳамчун ҳамҷинсгаро истифода гаштани фарзанди муҳоҷири тоҷик буд. Таҳиягарони филмро лозим буд, ки нисбати ин масъала, ки ҳарчанд Муҳаммадиқбол намояндаи мухолифин аст, лекин миллаташ тоҷик буданашро ба назар гирифтан лозим буд. Гап дар сари он аст, ки як касро дида, дигарон ба миллат баҳо медиҳанд. Тасаввур кунед, ки агар як нафар бошад ҳам, вай тоҷик аст. Вақте як нафари рус, эронӣ, қирғиз ва ё ўзбеку туркман инро мебинад, дар бораи миллати мо чӣ хулоса мебарорад? Борҳо мегўем, ки як миллион нафар гуреза шуда буданд. Дар филм гуфта мешавад, ки Муҳаммадиқболҳо зиёд буданд. Ин чиз ба манфиати миллати мо нест ва боис гаштанаш мумкин аст, ки дар мамлакатҳои шарқ дар симои Муҳаммадиқбол ба тамоми тоҷикҳо баҳо диҳанд. Филм дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошта шудааст. На ба хотири Муҳаммадиқболи Садриддин, балки ба хотири миллат аз паҳн гаштани ин филм худдорӣ кардан лозим аст. Дар байни муҳоҷирон модарон – занҳо ҳам буданд. Дигар миллатҳои Осиёи Миёна, ки ба Афғонистон муҳоҷир нашудаанд ва ҳолати сангини ҷанги шаҳрвандиро аз сар нагузаронидаанд, ба фикри нодуруст рафтанашон мумкин аст. Наврасашро чунин карда бошад, пас занонашро чӣ кор кардаанд гуфтанашон мумкин мебошад.
Аслан, бачабозӣ дар таърих ҷой дошт. Аммо бо амри Сталин тамоми бачабозҳо ба қатл расонида шуданд.
Бо намоиш додани филми номбурда ба хотир овардани ин амали нангин зарурият надошт.
Бигзор дигар хислатҳои бади ўро мегуфтем, аммо ба гурўҳи бачабозҳо афтодани ў, ки фоҷеа буд, фоҷеаи на танҳо Муҳаммадиқбол, балки фоҷеаи тамоми тоҷикон аст. Гумон мекунам, ки агар пурра ин филмро намоиш доданӣ бошем, қисмати бачабозиашро буридан ва ё сайқал додан даркор аст.
Замоне дар Лаҳистон баъди хондани тарҷумаи асари «Ҷаллодони Бухоро» ба забони полякӣ нисбати тоҷикон хулоса бароварда будаанд, ки ин миллат намояндагони худашро мекуштааст. Ин кор бояд дарс шавад. Агар ба таври оддӣ гирем, дар асари «Ҷаллодони Бухоро» ҳам тарғиботи сиёсати коммунистон буд. Дар филми «Бешарафӣ» ҳам ин ба назар мерасад, аммо чунин корро набояд кунем, ки як нафарро дида, дигарон ба кулли тоҷикон баҳо диҳанд.
Пайрав Сулаймонов – устоди ДДХ