Дурбинӣ – нишонаи хирад
На ҳар сиёсатмадор қодир аст, ки эҳсосоти худро фурӯ нишонда бо ақлу идрок ояндаи наздику дурро бинаду андешаи пайгиронаи онро тарҳрезию амалӣ намудан намояд. Вазъи рӯзҳои охир дар ҳошияи муайянсозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар исбот менамояд, ки танҳо чанде нафарони иғвогари ошӯбангези ҷониби қирғиз эҳтимолан фармоишона мехоҳанд вазъиятро тезутунд гардонанд. Мансабдори сатҳи баланди Ҷумҳурии Қирғизистон Камчибек Ташаев, ки бо бӯҳтон нисбати Ҳамрохон Зарифӣ – собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”машҳур” шудааст, “кашфиёт” – и наве иброз доштааст, ки “деҳаи Ворухро мебояд бо минтақаи дигар метавон бадал намуд”. Эҳтимол меравад, ки Ташаев бехабар аз ғурури милливу орияти тоҷиктаборон аст, ки ягон давру замон порчае аз сарзамини худ ба ҷониби дигар ба ивазиягон чиз иваз накардаанду нахоҳанд кард. Баҳри орияти миллат омодаанд, ки ҳар ваҷаби замини муқаддаси тоҷикнишинонро ҷоннисорона ҳифз намоянд.
Шаҳодати ақлу хирад, дурбинию дурандешӣ ва таҳаммулу сабронаи сиёсатмадории сатҳи ҷаҳониро амалу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос менамояд, ки дар ифтитоҳи чандин иншоотҳои бунёдшуда дар деҳаи Ворух зоҳир гардид. Абармарди тавоноақлу соҳибхиради тоҷик ба ҷаҳониён намудор сохт, ки сарзамини муқаддаси Тоҷикистон соҳиб дораду ҳар порчаи он барои давлати соҳибистиқлол муқаддас мебошад. Дар мӯҳлати кӯтоҳ аз ҷониби соҳибкорони таҳҷоӣ куллан тағйир ёфтани симои деҳаи Ворух гувоҳии дастгириисарҷамъонаи мардуми Ватан аз сиёсати одилона ва оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ки ҳадафи асосиаш ободкориву созандагӣ аст. Хусусан, хотири болидаи аҳолӣ дар ҷараёни ифтитоҳи иншоотҳои навбунёд ифодагарии солимии ҷомеа ва ифтихори ватандорист.
Танҳо кӯрнамакони ватангадои наҳзатӣ ва зумрае аз мансабдорони кӯтоҳақлу иғвогар аз чунин комёбиҳои Ватани маҳбуби мо дар ғазабанд ва алами ниҳонии худро кӯрдудона дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ибораҳои бадбӯяшон паҳн менамоянд. Яқин медонанд, ки дар назди ҷомеаи якдили созандакори тавонои Тоҷикистон бо сарвари хирадманду дурбинаш нотавонбинанду рӯсиёҳии худ ба ҷаҳониён бори дигар нишон медиҳанд.
Агар аламашон боби қаланфур тез асту беқарор шудаанд, раванду давои худ аз хоҷагони аҷнабиашон дарёбанд. Вагарна, комёбиҳои нав ба нави мардуми Ватани соҳибистиқлоли мо ба ин тоифаи муғризон чун тири заҳрнок таъсир мекунаду решаашон ҳарчӣ тезтар хушку ҷаҳон аз онон пок мешавад!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология