Изҳорот: Кабирӣ шахсияти носазо
Аз таърихи навини тоҷикон дар солҳои 90-уми асри гузашта дар китобҳо бо нақшаҳои харобкоронаи душманони миллати мо бо ранги тира инъикос мешавад. Ҷонибдонони Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар муташанниҷ кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҳамон давра тасири носазо аз худ гузоштанд. Коргардони филми мустанади “Хиёнат” кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ин ҳамаро дар чашми насли имрузи тоҷик гузоранд ва бо далелу рақамҳои муътамад ҳамаи хиёнаткориҳои зидди миллатро мавриди таваҷҷӯҳи мардуми ин рӯзгор намоянд. Аз ин филм бо саҳнаҳои даҳшатангези зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии ҳизби наҳзат шинос мешавем. Мутаассифона онҳо бо нишондоди сарпарастони хориҷиашон корҳои ношооистаеро ба миён монда, номашонро ба таърих сиёҳ кардаанд. Ин наворҳо мисли оина разолату қабоҳати ғайриинсонии онҳоро исбот мекунанд. Ҳизби наҳзат ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳақиқати ба назари худаш муносибро нишон диҳад, аммо ин наворҳо ин нишондодҳоро комилан баръакс муаррифӣ кардаанд. Мо ҷавонон аз ин наворҳо мефаҳмем, ки тамоми талоши наҳзатиҳо дар роҳи паҳн кардани бофтаҳои дурӯғин ва беасос ягон сарчашма надорад. Бо паҳн кардани ин ҳама даршабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргиз чашми ҳақиқатро наметавон рӯйпӯш кард.
Тавре кирдори наҳзатиёни тоҷикро, чӣ навъе ки аз мундариҷаи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бармеояд, куштори олимон ва аҳли зиёи тоҷикдар бар мегирад. Онон бо ин разолаташон гузаштаи пурифтихори миллатро ҳақир карданд. Обрӯи тоҷикро дар ҷаҳон резонидаанд. Ин кори мутаассибони динӣ ҳаргиз бахшида шуданӣ нест.
Шаҳрзод Баҳорӣ