Бинихалонӣ аз беақлист ё сиёҳдилӣ

Қазияи боздошти яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо номи Иззат Амон бо ҷурми қаллобӣ дар асоси даъвои баъзе нафарони муҳоҷир амали хизматии мақомотҳои давлатист, ки ҳамарӯза чандин чунин қазияҳоро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамоянд, кидар доираи меъёрҳои қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ мегардад. Вале, барои нафарони бадзоти бедаҳон, муғризу палид ин қазия як заминаи беасос аст барои хӯрдагирию ҳангоматалабӣ!

Муҳиддин Кабирӣ бо думравони чоплуси ландаҳуронашро чӣ марбутиест ба Иззат Амон, ки тарафгири ӯ шуданд? Акнун, ки ӯ озод шудаву хулосаи расмии мақомоти давлатиро интизор аст, чаро хомӯшед? Наҳзатиёни нобакор, ки худро бо ишораи хоҷагони хориҷиашон ба зону мепартоед, чӣ пиндоштед? Хаёл доред, ки ҳар амали худ давлатдорони Тоҷикистони маҳбуб мувофиқи хоҳиши шумо ба иҷро расонанд? Ақлу фаросат надоред, ки шумоёни худозадаи ватангадо аққалан шаҳрванди Тоҷикистон нестед, ки мансабдорони давлатиро ҳуқуқи пурсидани маълумот дошта бошед?! Танҳо лӯхтаки хоҷагони аҷнабиеду тӯтивор гуфтаҳои онҳо такрор мекунед!

Эй сиёҳдилони намакзадаи наҳзатӣ! Агар то имрӯз дарк накардеду фаҳматон нарасидааст, пас бидонед, ки Тоҷикистону тоҷикистониён бо роҳбарияти олии кишвар организми ягонаанду ҳеҷ нохалафи наҳзатию дигар натавонад дар он рахнаю тафриқа андозад. Зеро, моён аз гуфтору рафторҳои иблисонаю касофатҳои шумоён бохабарему то ҷон дар бадан дорем баҳри нобуд сохтани чунин душманони муғризи бадандеш сарҷамъона мубориза хоҳем бурд. Намехоҳем, ки файзу баракоти кишвари биҳиштосоямон бо касифию фосиқӣ, ҳамҷинсгароиву мазҳабфурӯшии наҳзатиён пароканда шавад.

Бигузор тухми нопоки наҳзатӣ аз корзори ҷаҳон бардошта шаваду тӯъмаи морони Заҳҳок бошад!

Осмони софу беғубори Ватанам абадан поянда боду дар ин раванд омодаем бо меҳнати созандаю дили поку беолоиш хизмати кишвари маҳбуб кунем!!!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ