​Фоши шармандагиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин

Таъин аст, ки тарзи ҳаёти ҳар як инсон дар давраи хурдсолию навҷавониаш ба ташаккул ёфтани шахсият ва ҷаҳонбинии минбаъдаи ӯ таъсири амиқ мерасонад ва нақши муҳим мебозад. Албатта Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам истисно нест ва хислатҳои манфии вай ба гуфти устодону омузгоронаш ниҳоят хашмгинӣ, ифротгароӣ, дар ҳама душман ҷустан, нотавонбинӣ, бадхоҳиаш ба давраи бачагиаш марбутанд. Тарзи тафаккури ҷиноякорона ва мисли манякҳо будани вай натиҷаи он садамаҳоест, ки дар хурдӣ ба рӯҳу равони ӯ таъсир гузоштааст. Албатта ба он нафарон, ки хонаводаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва худи ӯро аз наздик мешинохтанд, ин чиз хуб маълум аст. Масъала сари он аст, ки падари Муҳаммадиқбол – Садриддини Қаландар ташкилкунандаи созмони террористӣ буд. Дар давраи наврасии Муҳаммадиқбол падараш ҳамроҳи нафар муллоҳои иртиҷоии дигар як созмони махфии экстремистӣ ташкил додаанд, ки баъдтар он ба ташкилоти террористӣ табдил ёфт. Аввалин ҷаласаҳои ин гурӯҳи табоҳкор маҳз дар хонаи онҳо доир мегардид ва М.Садриддин якбора зери таъсири сахти ин гурӯҳи ифротӣ монд. Вай ба ҷои он ки мисли дигар ҳамсолонаш дарс хонад, ба варзиш машғул бошад, бозӣ кунад ва шахсияташ ба таври маъмулӣ инкишоф ёбад, ҳар руз ақидаҳои ифротгароёна ва зиддимардумии падараш ва ҳамроҳони уро мешунид. Ҳамин тавр, дар мафкураи М.Садриддини навҷавон ифротгароӣ, ҳуруфот, инсонбадбинӣ, душманӣ варзидан ба давлату миллат ҷой гирифт.

Имруз моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зирракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии замони муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем

Шаҳрзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ