Ворух порае аз хоки Ватан
Қ.Ташиев, ки бо изҳороте, ки дар бораи Ворух ва ивази он пениҳод кард, ибрӯи мардуми қирғизро дар арсаи байналмилалӣ резонид. Агар як нафари баландпояи амнияти кишвари ҳамсоя дар бораи таърихи миллати худ маълумоти кофӣ надошта бошад, пас ҳастии он миллат дар солҳои минбаъда зери суол қарор хоҳад гирифт. Қ.Ташиев ба хубӣ медонад, ки Ворух марзу бумӣ Тоҷикистон аст, вале онро бо чандин сабабҳои ба худаш маълум эътироф намекунад. Мо мавқеи Қ.Ташиевро дар мавриди иваз кардани минтақаи Ворух бо дигар минтақа маҳкум менамоем ва қирғизҳо бояд донанд, ки бо ҳангома барангехтан ва доду фиғон кардан масъала ҳал нахоҳад шуд. Ворух-марзи нангу номус ва ватандории мо ҳаст ва ин минтақа ба як арсаи ҷасорату мардонагӣ табдил ёфтааст. Душманони миллати бояд донанд, ки як ваљаб хоки сарзамини тољикон ба касе дода намешавад ва мо то ҷон дар рамақ дорем дар ин арса мубориза хоҳем бурд. Агар зарур гардад њама сар ба сар ба куштан дињем аз он бењ, ки хоки кишвар ба душман дињем. Аммо аз ин ҳам бадтар ба мо бори дигар хиёнаткорони дохилии мо, ки айни ҳол дар хориҷи мамлакат қарор доранд, кореро карданд, ки таърих онҳоро нахоҳад бахшид. Яъне ТТЭ ҲНИ дар масъалаи сарњади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавқеи хоинонаро ишғол намуд. Ин таҳкилоти ифротӣ навори 2 сол пеши Қ.Ташиевро дар боари Лахшу Мурғоб нашр намуда, амалан ба тарғибгари љониби Қирғиз мавҚеъ гирифт, ки ин амал бахҳида нахоҳад шуд. Бояд чунин хиёнаткорон дар назди халқ ҷавоб гӯянд ва ба гуноҳҳои карда худ иқрор шаванд ва ҷазо бинанд. Аз ҷумла Муҳаммад Иҷбол, ки шањрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, аз ин рў,дар бањсњои сарњадӣ мавҚеи Ҷумҳурии Қирғизистонро ҳимоя намуда истодааст.
Тавре дар сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон мо диданд, Сарвари давлат мавқеи Тоҷикистонро доир ба Ворух баён кардаанд ва таъкид доштанд, ки Ворух ин як ҷузви хико Тоҷикистон аст ва ба касе дода ё иваз карда намешавад. Мо аз ҳастии чунин фазанди фарзонаи миллат, ки ҳамеша дар паҳлӯи халқ қарор доранд, ифтихор мекунем ва ҷонибдории худамонро бори дигар дар ин раванд баён менамоем.
Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ