Ҷанги нобарҷо байни ду миллати ба ҳам дӯст ва ҳамсоя

Сабаби асоси итирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар, ки санаи 29 – апрел ба ҳам печид, чи хеле, ки шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд: дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной", дар марз, санаи 28-уми апрел Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва вазъ дубора шиддат гирифт.

Миёни сокинони маҳаллӣ иғвоҳо сар заданд: онҳо қасам мехӯрданд ва ба якдигар санг партофтанд. Сипас сокинон ба задухурди марзбонон ҳамроҳ шуданд.

“Дар натиҷа тарафҳо аз соати 13:00-и 30 апрели соли 2021 ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд”, - таъкид шудааст дар изҳороте, ки ахиран нашр шудааст.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таҳти роҳбарии фармондеҳони қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Қарор дода шуд, ки 1 майи соли равон дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад. Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ вақт тарафтори ҷанг набуд ва нест. Сабабгори ин ҳама ивғогарони ҳарду миллатанд, ки онҳо тинҷию осудагиро чашми дидан надоранд.

Устодони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ