Муборизаро баҳри амалҳои номатлуб ҷонноктар намоем!
Дар Паёми ҳарсолаи хеш Пешвои миллат зикр менамоянд, ки мардуми кишвар бояд дар сиёсати имрўзаи давлат дар тамоми самти пешравии ҷомеа фаъол бошанд, ташаббусҳои созандаро пешниҳод намоянд, амнияти давлату давлатдориро ҳимоя созанд. Фазои амнияту устуворӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз беҳтарин неъматҳою арзишҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб мераванд.
Касе агар аз сиёсат, аз расми давлатдориҳо дар масири таърих андак бохабар аст, пас медонад мамлакатеро, ки дар натиҷаи дасисаи душманонаш ба майдони ҷанги ҳамватанон табдил гардида, баъд аз дарки ҳақиқат мехоҳад зудтар аз доми балоҳо наҷот ёбад, бе ҷавҳари солим ва ҳаётбахши мафкураи умуми миллат аз варта берун, зиёда аз ин, ба роҳи тараққиёти ҷаҳони муосир гузаштан мушкилиҳо дорад. Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ба он марбут дар ҳаёти сиёсии давлат яке аз зуҳуроти якдилонаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини амнияти миллӣ бо ҳама паҳлўҳояш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳаёти халқ марбут аст.
Аз он ошуфтаем, ки дар олам як табақаи ифротӣба зуҳур омада, чораи террористро дар васила ба хунрезии пинҳонӣ асоси фаъолияти худ қарор додааст. Агарчи мо дар асри бисту як қадам гузоштаем, бояд бидонем, ки қувваҳои аҳриманӣ ҳанўз дар саросари олам пурра мағлуб нагардидаанд. Миллатчигиву сиёсати муғризонаи бузургдавлатӣ ҳам то ҳол арзи ҳатсӣ доранд. Ба дараҷае, ки имрўз баъзе сарварони ҳатто машҳури мамолики гуногуни дунё асри қаблиро даврони ҷангу ҷидоли шадиди тамаддунҳо медонанд.
Итминон дорем, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни фаъолияти худ манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, донишу малака ва ҳатто ҳастии худро ба ин ҳадафи олӣ равона месозанд. Зеро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои низомӣ дар ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, яъне волоияти қонун нақши калидӣ дорад.
Вазифаи мо- устодон аз ин иборат аст, ки шогирдони худро дар рўҳияи баланди миллӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ тарбия намоемва дар навбати аввал худ намунаи ибрат бошем.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки сулҳи тоҷикон дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт ва раваншди миллатсозиву давлатсозиро двр мамлакат тавсеа бахшид. Аммо бо вуҷуди ин ҳама дастоварду комёбиҳо нафароне кам нестанд, ки муваффақиятҳоро нодида мегиранд ва пайваста талош мекунанд обро лой намуда, моҳӣ ба даст оранд. Ин тоифа дар ғурбат бо оворагардиву чоплусии хоҷагони худ машғул буда, мехоҳанд бори дигар ватани моро оғўшатаи хун созанд.
Аз тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат оқилона бояд истифода бурд. Зеро миллати тоҷик дурандеш аст ва ҳаргиз нахоҳад гузошт, то бегонае бе пурсиш ба хокаш қадам гузорад. Роҳбарони ин падидаҳои номатлуб аз воситаҳои истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, аксарияти ҷавонони камтаҷриба ва беилмро ба ин зуҳуротҳои ноодамонаи хеш ҷалб месозанд. Бояд ҳар як ҷавони имрӯза аз тарзи истифодабарии шабкаҳои иҷтимоӣ бохабар бошад ва оқилона ва дуруст истифода кардани онро донад. Мутаасифона, аксарияти волидони имрӯза фарзандонашонро беназорат гузошта, ба омӯхтану аз худ кардани илмҳои муосир ба онҳо диққати ҳамаҷониба намедиҳанд, ки ин ба зарари худи онҳост. Зеро шахсони ифротгар хуб медонанд, ки мафкураи ҷавонон дар айни инкишоф аст ва онҳо шавыу ращбати зиёди донистанро доранд. Онҳо таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, зудбовару зудамал ҳастанд. Онҳо ба навдае монанд ҳастанд. ки ба кадом самт гардиш диҳӣ , ба ҳамон самт месабзанд. Вале ин суханони Пешвои миллатро бояд дар хотир дошт, ки гуфтаанд:
«Мо бояд ватани худро сидыан ва баробари ҷони худ дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарастӣ ҳаыиыӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муыаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиылоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.»
Баҳриев Ф.Ф.