Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст
Воқеаҳои рузҳои охир, ки байни сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон рух дода истодаанд ҳамаро ба ташвиш овардааст.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ҷартитеппаи Сариоғочи вилояти Қазоқистону ҷанубӣ (Чимкенти собиқ) аҳолиаш 18 000 буда, ин ҷамоат рустоҳои Тонкерис, куарма, Интимак, Бӯстондиқ ва Дӯстиқро фаро мегирад. Аксари кулли аҳолии ин минтақаро қазоқҳо ва тоҷикҳо ташкил медиҳанд, ки асосан машғули кишоварзианд. Мардуми ин деҳа бо кишоварзӣ машғул буда қариб дар ҳар порчаи заминашон гармхона доранду ҳосил мепарваранд. Вале мутаъсифона замини он деҳаҳо ҳосилнишин намебошад ва мардум аз ин дар изтиробанд ва чашмашонро ба замини мо ало карда мехоҳанд, ки Воруғи моро, ки кони обу шароитҳои мусоид ба кишоварзист бигиранд.Дар ёд дорам ин муаммо соли 2015 низ сар зада буд. Мардуми қирғиз тоҷиконе, ки дар Ҷартитеппаи Сариоғочи вилояти Қазоқистону ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд хонаву мошинҳояшонро вайрон карда алав сар дода буданд ва ҳатто заминҳояшонро тору мор карданду якчанд соҳибони заминро ҳатто кушта буданд.Магар ин ваҳшигарӣ нест. Ин амал ҳатто аз чаҳорчӯбаи ваҳшигарӣ ҳам берун аст.
Чанде пеш сардори Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Қ.Тошев дар вохӯриаш ивази Чимкенро бо Воруғ пешниҳод намуд, мо ҳеҷ гоҳ ба ин пешниҳод розӣ намешавем. Магар Қ.Тошев таърихи сарзамини худро намедонад. Чимкент азони Қирғиз Воруғ азони мо. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, “ Ворух ин як ҷузви хико Тоҷикистон аст ва ба касе дода ё иваз карда намешавад”. Мо ҷонибдори суханони Пешвои худ ҳастем ва як пораи замину хоки худро ба дасти ҳасудон намедиҳем. Барои чӣ онҳо замини моро талош доранд, раванд дар манзили худ кору фаъолият баранд. Онҳо ба шароити мусоиди Воруғ чашм ало кардаанд. Мо аз касе қарздор нестем. Воруғ 100 солаҳост, ки азони мост.
Биоишаи Назар