Симои риёкоронаи асли Кабирӣ хиёнат аст

Дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта бо пошхурии давлати Шуравӣ марҳилаи нави таърихӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Орзу ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ бо талошу ҷонисориҳои фарзандони бонангу номуси худ баҳри озод намудани сарзамини аҷдодӣ аз аҷнабиён ва расидан ба истиқлолияти комил мекушиданд, амалӣ гардид. Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмати таърихӣ барои халқу миллати тоҷик аст. Зеро онро метавон ду боли як иқбол номид. Зеро Истиқлолият ба мо озоди оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои гузоштани қадамҳои устувор дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон имкониятҳои навро ба вуҷуд овард.

Мутаассифона дар ин давраи таърихии барои давлату миллати тоҷик қувваҳои бадхоҳи миллат, душманони дохилӣ ва хориҷӣ бо истифода аз бозиҳои сиёсӣ, барангехтани низоъҳои сиёсии дохилӣ кишвари тозаистиқлоли моро ба майдони муқовимати шадиди сиёсӣ кашанд, ки оқибат боиси оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардад. Зеро миллати шарафманди тоҷик, ки дар як фазои орому осуда зисту зиндагонӣ мекунандба хубӣ дарк менамоянд, ки озодиву субот ин худ як неъмати бузург аст, чунки дар шароити кунунии дунё, суботи сиёсӣ неъмати басо муҳим арзёбӣ мегардад. Мутаасифона афроде ва ё тудае аз нотавонон, мардумозор ва қонуншиканон,ҳасудхурон, ватанфурӯшон, беномусону зархаридон талоши ноором сохтани фазои орому осудаи моро мекунанд, ки имрӯз фарзанди нохалафи миллати тоҷик Кабирӣ маблағҳои калонро аз хоҷагони худ ба дастоварда барои ноором сохтани вазъи кунуни кишвари азизамон равона карда истодааст, ки ташкилкунандаи ҳамаи ин оқибатҳои бадбахти Кабирӣ роҳбари ҲНИ мебошад. Муҳиддин Кабирӣ нафақат ба давлату миллат, балки ба шарикони ҷинояти худ хиёнат карда, ба хориҷи кишвар фирор кард, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мисли ҳамон рубоҳи нокоманд, ки пас аз амалӣ нагаштани нақшаву амалҳои нопокашон, махсусан пас нокомӣ солҳои 1992-1997 инчунин дар интихоботи парлумонии соли 2015 ки боз амалҳои муӯризонаи худро анҷом диҳад. Вале мутассифона баъдаз мағлубият ба кишварҳои Аврупо фирор намуданд ва мисли саг дар ба дари хоҷагони хориҷӣ бо дастури онҳо тавассути сайтҳои ифротӣ ва мамнӯъ “Ахбор. ком”, “Паём. нет”, “Ислоҳ. нет”, “Востокнюз”, “Озодандешагон”, бар зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол дурӯғу бофтаҳои худро баён мекунанд.

Аз ин хотир аз мардуми соҳибдавлату фарҳангии тоҷик даъват ба амал оварда мешавад, имрӯз мо тавонистем бо кушиш ва ҷонисориҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бӯҳронҳои сиёсӣ роҳоӣ ёфтаву, имрӯз дар фазои сулҳу субот дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, махсусан дар тадбиқи ҳадафҳои олии рушди стратегии кишвар камари ҳиммат мебанданд. Дар ин замина ҳар як фарди Ватандӯст, соҳибвиҷдон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ҳар рӯзисафо шукронаи оромиву ободии Ватан кунем. Атрофиёни худро даъват кунем, ки ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доранду муҳофизат намоянд. Зеро бар зидди ин хоинони миллат, наҳзатиёни ватангадои ватанфӯруш қотеона истодигари намоем. Бофтаҳои бардӯруғи онҳоро бо далелҳои ҳаққони ботил созем ва дар фазои Ваҳдату сарҷамии мардуми кишвари худ саҳмгузор бошем.

Ҷӯраев М.Б. - муаллими кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ