Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам...
Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфузи хоса пайдо карда, дар ҳалли муамммоҳои муҳими глобалӣ ҳиссагузорӣ намуда меояд. Мардуми ин сарзамини ободу сулҳпарвар мисли ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хоҳони онанд, ки дар мамлакат зиндагии шоиста таъмин гардад. Бино бар ин, аз сидқи дил меҳнат менамоянду мувофиқи зарфият ва донишу маҳорати хеш дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маданӣ саҳм гузошта меоянд. Алҳол, мардуми шарифи кишвари азизамон - Тоҷикистон ҳамқадами сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо ин фарди соҳибақлу соҳибхирад ифтихор дорад, зеро тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, сиёсат, иқтисодиёт ва илму фарҳанг зина ба зина пеш рафта истодааст ва дастовардҳои бузург низ насиби мо шуда истодааст, ки барои ҳамагон ва аз ҷумла, ҷаҳониён маълум аст. Ҳаёти мардуми кишварамон ҳар сол нисбат ба соли пешин хубтару фаровонтар гашта истодааст. Дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дорад, басо муҳим ва сазовори таҳсин аст. Лекин то ҳол нафароне пайдо мешаванд, ки ин фурсатро ғанимат дониста барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки хеш зӯр мезананд. Онҳо гумон доранд, ки аз рафтору пиндори наҳсашон касе огоҳ нахоҳад шуд, чунки онон ҳар лаҳза шабеҳи буқаламун аз ранге ба ранги дигар медароянд, яъне ҷое симои зоҳириашонро тағйир диҳанд, ҷое ному насабашонро иваз менамоянд. Лекин бо ин ҳама сохтанҳояшон наметавонанд ба ҷое бирасанд, аз он ки дар ҳама гуна ҳолату вазъият ва ҳар замону макон сиришти наҳси эшон рӯнамо мегардад ва худ побанди амалҳои пасти хеш мешаванд. Чунин касон мехоҳанд фурсати мувофиқ пайдо намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки хеш зӯр мезананд. Онҳо гумон доранд, ки аз рафтору пиндори наҳсашон касе огоҳ нахоҳад шуд, чунки онон ҳар лаҳза монанди буқаламун аз ранге ба ранги дигар медароянд, яъне ҷое симои зоҳириашонро тағйир диҳанд, ҷое ному насабашонро иваз менамоянд. Лекин бо ин ҳама сохтанҳояшон наметавонанд ба ҷое бирасанд, аз он ки дар ҳама гуна ҳолату вазъият ва ҳар замону макон сиришти наҳси эшон рӯнамо мегардад ва худ побанди амалҳои пасти хеш мешаванд. Ин нафарон касони нотавонбину хоини ватану миллати тоҷиканд, ки дар гӯшаву канорҳои дунё бо мақсади зарар расонидан ба хоку насли аҷдодони худ нафас мекашанд ва барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд, чоҳ ба зери пои хеш мекананднаҳаросида аз он ки рӯзе худ ба он сарозер фурӯ мераванд. Ба ҳукумати қонунии Тоҷикистон буҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд, аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Мехоҳанд бо туҳмату буҳтонҳои мунғаризонаи хеш тафаккури ҷомеа, хоса ҷавононро тира сохта, барои амалӣ гардидани ғаразҳои шахсӣ тухми бадӣ мепошанд.
Ҷавонони имрӯза бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои расидан ба зиндагии аз ин ҳам шоистатар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз рӯи гуфтаҳову даъватҳои Президенти кишвари азизамон амал намуда, беш аз пеш ба омӯхтани илму ҳунар рӯ оранд, бо технологияҳои инноватсионӣ ошно гарданд, забон омӯзанд ва дар таъмини зиндагии шоиста дар Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Исмоил Ҷабборӣ