Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт...

Дар замони зудтағйирёбандаи равандҳои сиёсии минтақавиву ҷаҳонӣ миллату давлатҳои ҷаҳонро мебояд, ки бо дарназардошти эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳамҷоя рушду такомул ёбанд. Раванди ҷаҳонишавӣ бевосита ба ҳар як соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа таъсиргузор аст. Имрўз ягон давлат дар танҳогӣ рушду нумўъ намекунад ва дар ягонагӣ аз ҳалли проблемаҳои минтақаву ҷаҳон намебарояд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаҳони модернӣ аз ҳама арзишмандтарин неъмат барои халқу миллату давлатҳо сулҳу амният, тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ маҳсуб мегардад.

Дар марзи давлатҳои ҳамҷавори Тоҷикистону Қирғизистон чанд вақт мешавад, ки муноқишаҳову нофаҳмиҳо сар мезананд. Ҳатто ин нофаҳмиҳо то ба хунрезиву қасди ҷони ҳамдигар оварда расонид, ки албатта ин амалҳо оқибати хуб надоранд. Бояд гуфт, ки сабаби ин баҳсу мунозираҳо муайян набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни ин ду кишвари ҳамсоя маҳсуб мегардад. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр сарҳад доранд, ки то ҳол танҳо 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Барои ҳалли масъалаҳои марзӣ аз ду ҷониб комиссияҳои махсуси ҳукуматӣ ташкил карда шудааст, ки масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро бо тариқи гуфтушунид ва музокирот ҳаллу фасл намоянд.

Ба назар мерасад, ки ҷониби Бишкек бо баъзе аз кирдорҳои хеш ба ҳусни ҳамҷавории ду кишвар халал ворид намуда, вазъи сиёсӣ-иҷтимоии минтақаро муташанниҷ карданист. Бо ин амалкарди худ қирғизҳо аҳдофи муғризонаи “хоҷагони хориҷӣ”-ашонро бо дилу ҷон ба амал бароварданист.

Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз аввал давлатҳои бо ҳам дўсту бародар ва ҳамсояи қарин буданд, аммо роҳбарияти феълии ҷониби Қирғизистон имрӯзҳо бо ҳар гуна баҳонаву даъво теша ба решаи чунин робитаҳои дӯстона мезананд. Албатта, муноқишаҳое, ки дар марз сар зада истодаанд сабаби сард гаштани муносибатҳои тарафайн гаштанашон имконпазир аст. Муносибатҳои сардгаштаи ду ҳамсоя мустақиман ба тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ду кишвар таъсиргузор хоҳад шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи муноқишаҳои охир дар марз байни Тоҷикистону Қирғизистон музокироти ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ду кишвар баргузор гашт ва ин раванд идома дорад. Яке аз мавзуъҳои марказии музокирот ҳалли низоъ ва ба эътидол овардани вазъ дар қитъаҳои баҳсӣ ба шумор мерафт. Ҳамчунин тарафҳо доир ба тақвияти дўстӣ, ҳамсоядории хуб, эътимод ба якдигар ва ҳалли сулҳомези ҳамагуна якдигарнофаҳмӣ таъкидона ибрози андеша карданд. Ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб хостанд, ки корҳо дар самти таъин ва аломатгузории хати марзи давлатӣ тақвият дода шавад. Албатта, ҳама гуна низоъ ва мушкилоти ҷомеаро бояд бо роҳи дипломатӣ ва ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳал кард, зеро ҷанҷол, муноқиша ва задухўрд роҳи ҳал набуд, нест ва нахоҳад шуд. Ҷониби Бишкекро зарур аст, ки ба вазъи сиёсӣ-иҷтимоии минтақа дуруст баҳо диҳад. Зеро дар раванди зудтағйирёбандаи замони муосир ҳар як нофаҳмӣ агар дар вақташ ҳалли худро наёбад, ба сарчашмаи калони низоъ дар минтақа оварданаш имконпазир мебошад ва ин чиз зидди манофеи тарафайни ду кишвар буда, паёмадҳои нохушро думболагирӣ хоҳад кард, ки таҷрибаи амалиашро мо дар давлатҳои Миср, Сурия, Лубнон ва Украина дидем.

Дар ин росто, тарафи Бишкек суханҳои бузурги шоири ширинкаломи тоҷик Мирзо Турсунзодаро дуруст дарк намояд ва дигар бо иддаоҳои беасос ва ба амалкардҳои тахрибкоронаи баъзе аз аҳолии хеш воқеъбинона назар намояд, зеро кина, адоват ва хусумат оқибати хуб надорад:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт...

Боз ҳам исроркорона таъкид менамоем, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз роҳҳои созанда кор гирифт, зеро ки мардуми тоҷику қирғиз бо ҳам дўсту бародар ҳастанд ва рафтуомад доранд, аммо мутаассифона баъзан чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд ва иллати нигаронии ҷонибҳо мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як иддао ва даъвову амалкардҳои ҷониби Қирғизистонро як сӯ намегузорад, дар ин масъала мавқеи Тоҷикистон устувор аст ва доимо талош меварзад, ки масъала бо роҳи гуфтушуниду якдигарфаҳмӣ ва хоса ба манфиати тарафайн дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбад.

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ