Кабирии ҷангҷӯ
Мардуми шарифи Тоҷикистон бахусус ҷавонони саодатманди даврони Истиқлолият шукрона аз он доранд, ки дар фазои оромиву осоиштагӣ умр ба сар мебаранду аз неъматҳои истиқлолият баҳрабар ҳастанд.
Халқи тоҷик аз аввал башардӯсту инсонпарвар буда, бо намояндагони ҳамаи халқу миллатҳо риштаи дӯстиро мустаҳкам ва робитаҳои ҳамкориро ривоҷу равнақ медод ва ин равандро то ба ҳол идома дода истодааст.
Бахусус, ҳамкориву дӯстии мо бо давлати ҳамзабону ҳамдини мо – Эрон, ки решаҳои таърихӣ дорад, хеле мустаҳкам аст. Чунки мо бар замми ҳамзабон будан боз таърих ва фарҳанги ягона дошта, адабиёти оламшумули моро ҷаҳониён ҳамчун адабиёти тоҷику форс ном мебаранд.
Мутаассифона дар байни мардум шахсони кӯрдил, сиёҳботин ва ҳасуде арзи ҳастӣ доранд, ки бо васвасаҳои шайтонии худ тухми нифоқ мекоранд ва дӯстиву ҳамкориҳои башардӯстонаро дида наметавонанд.
Матлаби иғвоангезе, ки дар сомонаҳои интернетӣ таҳти унвони “Ҷавонони таҳсилкардаи Эрон дар Тоҷикистон ба ҳабс гирифта мешаванд”, як иғвою бӯҳтон буда, аз ҷониби роҳбарону намояндагони ТЭТ ҲНИ ба роҳ монда шудааст ва он исботи ин гуфтаҳои болоист.
Бехирадону бахилони баҳонаҷӯй, ки номи давлату миллат ва ҳукумати кишварро сиёҳ карданӣ ҳастанд, бо шунидани ин хабар дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуда, аз худ ҳар гуна ахбороту маълумотҳои нав ба навро бофтанд.
Ин дасисакорӣ пеш аз ҳама кори Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ мебошад. Аз иғвоангезиҳо ва ба шӯр овардани мардуми оддӣ ва давлати тинҷу ором ин тоифа инсонҳо манфиатдор ҳастанд. Саркардагони ТЭТ ҲНИ аз аввал медонанд, ки пайравони онҳо дар тамаои гӯшаи дунё барои террорист шудан таълим мегиранд.
ШАҲРЗОД БОҲИРӢ