Ҷинояткорони қирғиз боздошт мешаванд

Пас аз даргириҳои марзӣ дар заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷинояткорони қирғиз онро ба моҷаро кашиданӣ шудаанд, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва нафарони ҷинояткори ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Гуфта мешавад, ки бо дастрасии қисми 2, моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2, моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Инҳо бояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Ин вокуниши Прокуратураи генералӣ саривақтӣ буда, барои пешгирии ҷиноятҳои наздимарзӣ ва дастгир кардани ҷинояткорони кишвари ҳамсоя равона карда шудааст.

Ташаббуси мазкур пас аз ҳодисаи 29 апрели соли 2021, ки тсоати 11:00 аз ҷониби як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 200 нафарро ташкил медиҳанд, рӯи даст гирифта шудааст. Ҷинояткорон дар рӯбарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Хоҷаи аъло»-и қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи дидбонгоҳи «Головной», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, дар назди сарбанди обтақсимкунии «Головной» ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омада, вазъиятро ба чолиш кашида, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо зарби санг захмӣ намуданд. Ноадолатии маруми қирғиз, ки маданияти пасти ҳамсоягиро нишони додаанд, сабаби сар задани чунин як ҳодисаи мудҳиш гардид.

Бояд қайд кард, ки қирғизҳо соли 2010 халқи ӯзбекро кушта, онҳоро беватан ва бехонаву дар аз хоки кишвари худашон берун сохтанд.

Онҳо ба генотсити халқи ӯзбек асос гузоштанд ва бояд чунин корҳои ғайриодилона онҳоро мо маҳкум менамоем.

Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ