Изҳорот: Саломатии ҳар фард - сарвати ҷомеа
Саломатӣ – гавҳари ноёби на танҳо инсон, балки тамоми ҷамъият мебошад.
Саломатӣ – талаботи аввалин ва асоситарини инсон аст, ки қобилияти меҳнатӣ ва инкишофи шахсияти ўро муайян месозад.
Ҳифзи саломатӣ вазифаи ҳар як инсон мебошад. Саломатӣ бузургтарин арзиши инсонӣ аст. Маълум аст, ки саломатии хуб аз омилҳои асосии иҷрои вазифаҳои биологию иҷтимоии инсон ва бунёди зуҳуроти шахсият ва ҷамъият маҳсуб меёбад. Ҳамзамонаёнаст, кибеморӣ васаломатиизаифамалва озодии инсонро маҳдуд месозад. Намудҳои гуногуни беморӣ дар ҳар давру замон вуҷуд дорад ва инсоният ҳамеша мекўшад солим бошад, бемор нашавад, вале беморӣ ногаҳон пайдо шуданаш мумкин аст. Барои саломатии бардавомро таъмин намудан тамоми инсоният боядтарзи ҳаёти солим дошта бошад.
Дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ташвиқутарғибитарзи ҳаётисолимвамуборизабоодатҳоизараровармавҷуд мебошад ва солҳои охир доир ба ин масъала эътибори хоса зоҳир гардида истодааст. Махсусан, дар марҳилаи пайдоиш ва хуруҷи бемории сироятии COVID - 19 дар мамлакатҳои ҷаҳон назару эътибори давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеа ба саломатии инсон ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ зиёд гардид, ки ин бесабаб нест, зеро бемории коронавирус барои аҳли башар бемории нав ба шумор рафта, роҳҳои пешгирию табобати он ҳоло ба таври дақиқ муайян нагардидааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як инсон бо истифода аз донишу таҷрибаҳояш ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ аз COVID - 19 кўшиш ба харҷ дода, маслиҳатҳоеро ки тариқи сомонаҳои хабарӣ пешниҳод гардида истодааст, дуруст қабул намуда, дар ҳаёти ҳаррўзааш мунтазам амалӣ намояд.
ТаҳлилидигаргуниҳоииҷтимоиюиқтисодииТоҷикистоннишонмедиҳад, ки худинкишофёбӣ, инкишофишахсиятихудмададнатанҳобахуд, балкибаатрофиённиз ҳаётмебахшад: «худатро эҳтиёт кун ва дар атрофи ту ҳазорҳо нафар эмин мемонанд!» имрўзҳо ҳамагон бояд таҳди ин шиор амал намоянд.
Чун ҳаётиинсонарзишиолии ҷомеааст, пасмаҷмӯихусусиятҳо, сифатҳо, вазъиинсоннатанҳоарзишихуди ӯ, балкиарзиши ҷомеанизмаҳсубмеёбад. Маҳз ҳаминсаломатӣ ҳарякфардробасарвати ҷомеамубаддалмесозад.
Баррасии саломатӣ натанҳо ҳамчункатегорияитиббиюбиологӣ, балкиазмавқеифарҳангниззарурвадурустмебошад. Саломатии инсон аз худи ў вобаста аст. Калиди хушбахтӣ дар дасти худи ўст.
Саломатии аҳли ҷамъият бо фаъол ва бетараф будани аъзоёни он нисбати ин масъала алоқамандии зич дорад. Ҳар як шаҳрванд имрўзҳо набояд бепарвову беҳафсала ё мунтазири ёрии дигарон бошанд, бояд баҳри беҳдошти ҳаёти солим фаъолу масъулият ҳис намуда, баҳри беҳбудии саломатии худ ва дигарон чунин амалҳоро ба самон расонида тавонад:
- пеш аз ҳама худро солим нигоҳ дорад ва барои тансиҳатии худ ѓамхорӣ намояд;
- асосҳои тарзи ҳаёти солим ва татбиқи қоидаҳои гигиениро донад;
- қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро ҳатман риоя намояд;
- дар чорабиниҳо оид ба пешгирии касалиҳо дар оилаи худ ва дар сатҳи ҷамъият саҳмгузор бошад.
Тансиҳатии шаҳрвандон – ин солимии миллат аст.
Ҷомеаи омўзгорони кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии
факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус.Ҳошимова Г.Г.