Изҳорот: Аз нохалафони миллат дар канор бошем!

Халқи бузургу баорияти тоҷик бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди нумӯи давлати хеш, барои ояндаи босаодат, ҳифзи якпорачагии кишвар ва истиқололияти давлатӣ тамоми қувваю ҳастии худро равона месозад. Ҳеҷ як қуввае мавҷуд нест, ки ин рӯҳияи дороииродаи қавиро рахна намуда, барои шукуфои кишварамон ва пешрафти халқи тоҷик монеа ба пеш орад.

Аммо баъзе аз нохалофоне миллат, ки оқи ватан гардидаанду худро чун сарсупорандагони роҳи ҳақиқат меҳисобанд, чунин гулгулшукуфӣ, муваффақиятҳо ва комёбиҳои халқи тоҷикро чашми дидан надошта, ба ҳар василаҳои ғаразнок мехоҳанд, неши заҳрноки худро рӯи кор биёранд.

Онҳо(Кабирӣ - Кобра, Муҳаммадиқбол-Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона) ба худ дарк намекунанд, ки амалиётҳои ифротгаронаю ғавғоангезиши онҳо монанди аккоси саги дайдуест, ки ягон таъсире ба касе надорад.

Магар ягон афроди соҳибақле, ки худ шоҳиди чунин гулгулшукуфӣ, тинҷию оромӣ, ободкориҳо равнақу рушди кишвар мебошад ба ин нохалафон бовар мекунад. Оё ин нохалафон ба худ дарк нанамуданд, ки халқи тоҷик бомаърифату соҳибақл буда, дар тӯли якчанд соли истиқлолият даҳҳо чунин ифротгарону хоинони миллатро рӯ ба рӯ шуда, дар ҳама ҳолат бо ақли солиму иродаи қавӣ, ватандӯстӣ, соҳибмаърифатии хеш ғолиб гардидааст.

Онҳо набояд аз хотир бароранд, ки касе ба муқобили халқаш, миллаташ, ватанаш баромад намуда ҷор мезанад, ки гӯё ӯ ҳақиқатро пойдор месозад, обод нахоҳад шуд.

Мо бояд ақли солимро бояд ба кор барем. Барои рушди кишвар, барои оромию якпорчагӣ, истиқолияти комил саҳмгузор бошем. Набояд ба ҳар гуна дассисаю, иғвои чунин нохалафони миллат дода шуда рӯзгори худро тирра созем.

Низомиддинов С.Ш.,-дотсенти

кафедраи “Барномарезӣ”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ