​Изҳорот: Фитнаҳои фитнагарон

Табиист, ки душман дар ҳоле ба ҳуҷум рў меоварад, ки рўйдоде ва ё ҳодисае дар зиёни тарафи муқобил ҷараён дошта бошад. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо ҳаргуна иттилооти сохтаву бофта ва беасос фитна ангехтан ва дар замири мардум ҳисси шакку гумон барангехтан кори душманони зифу нотавонанд, ки ҳақиқати таърихиро нодида мегиранд ва рўйдодҳои сиёсиву иҷтимоиро таҳриф менамоянд. Аз ҳамин ҷиҳат, баромад ва суханрониҳои душманони миллатро бо дидгоҳи мунсифона баррасӣ намудан муҳим аст. Аввалан собит гардид, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон маҳз бо шарофати истиқлолияти милливу давлатӣ пешрафтҳое ба амал омаданд, ки кишварро аз вартаи нобудшавӣ ба суботу амният ва фаъолияти рўзафзуни иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ расонид. Ҳазорҳо мухолифин бо чандин фитнагариву дурўѓбофӣ наметавонанд, ободиву сулҳу субот ва пешрафтҳои назарраси кишварро инкор намоянд.Ба фаъолият шурўъ намуданитанҳо «Роѓун» ҷавоби раднопазире аст, ки метавон ба ҳар мухолифин мисол овард.

Дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси ҷаҳон замоне, ки ҷаҳониёнро бемории сироятии COVID- 19 ба ташвиш овардааст, мухолифин аз ин вазъият сўъистифода намуда, перомуни давлату ҳукумат ва сиёсатмадорони кишвар ҳарфҳои беасосу фитнаҷўёнаро ба мардум расониданмехоҳанд, ки камоли душманӣ ва айни манфиятҷўӣ мебошад. Ин афрод ба хусус Муҳидддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў заррае дар андешаи мардум нестанд. Аз оѓоз то имрўз маромашонсоҳиби давлат ва ҳукумат гардидан ва Тоҷикистони ободузеборо дар банди дину хурофот кардан аст. Ояндаи Тоҷикистонро динӣ ва хурофотӣ тасаввур кардан ва дар ин роҳ бо кўмаки хоҷагони бегона тасмимҳои ҷиддӣ гирифтан хиёнате беш нест.

Бояд таъкид дошт, ки дин ва муҳиммоти мазҳабро ба сиёсат пайвастан маънои онро дорад, ки аслан чунин афрод ҳадафи ниҳояишон дину диёнат набуда, балки давлату дунё мебошад. Агар чунин набуд, аз номи дин ба давлат душманӣ намекарданд. Душманони мо бо истифодаи аз вазъияти баамаломада маккорона ба мардум дурўѓ мефурўшанд. Аммо, намедонанд, ки ин баромаду даъвоҳояшон ба ҷуз нафрати мардум дигар чизе бор нахоҳад овард. Хиёнат бахшида намешавад. Аммо, дар оѓози давлатдории навини тоҷикон маҳз барои бақои миллат ва аз байн нарафтани давлат Пешвои миллат ба мухолифин оштӣ карда масъалаи башхидани якдигарро меҳварӣ шумориданд. Ин бахшидан ба осонӣ ба даст наомад. Барои рафъи ҷанги шаҳрвандӣ мухолифон ҳарчи хостанд давлат розӣ шуд ва чандин вазифаҳои асосӣ ба ихтиёри онҳо вогузор карда шуд. Натиҷаи ин бахшиш боз ҳам собит сохт, киин гуна афрод ба паймонашон вафо накардаанд. Бубинед, калимаи паймон, ки ба худашон ҳаргиз робита надорад аз он фаровон истифода менамоянд. Донишманде гуфта буд, ки ба ду тоифа ҳаргиз бояд паст наойӣ гурўҳи аввалохундҳо-диндорон ҳамин дўстҳои мухолифини тоҷик, бародарҳои ҷонии Муҳиддин Кабирӣ, гурўҳи дуюм коммунистон, ин ду тоифаро наметавон ба осонӣ бовар кунонид, ки ҳарфашонѓалат аст. Дар назарашон кулли ҳақиқат танҳо динашон ҳаст.

Муҳиддин Кабирӣ медонад, ки дин дар ҷомеи имрўз наметавонад омили пешрафт ва тараққӣ бошад. Аксари давлатҳое, ки бар онҳо афкори динӣ ҳукмрон аст, тараққинокарда ва пешрафтнодида ҳастанд. Шумори ками давлатҳои исломӣ, ки бо фурўши нефтҳояшон то ҷое иқтисодиёташон густариш ёфтааст, маҳз аз сабабитаҳкими равобиташон ба ташкилотҳои ѓайридинӣ аст.Ҳар нафаре мехоҳад дар кишвар афкори динӣ ҳукмронбошад, бидуни тардид душмани аввалини кишвар аст.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш як бор Тоҷикистонро ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил додаанд, ки то имрўз таъсирашро метавон дид. Дар замоне, ки ҳазорҳо мубталои беморӣ ҳастанд, ба ҷоикўмакҳои моддиву маънавӣ мардумро ба алайҳи ҳукумат ташвиқ намудан ба ҷуз ноҷавонмардӣ дигар чизе нахоҳад буд.

Мушкилии ин замон ҳам бо гузашти вақт бартараф мешавад, аммо моро зарур аст, ки ба ҳаргуна ҳарзагўён ва душманони миллати тоҷик гўш наандозем ва тавтеаву фитнагариашонро саривақт бишносем. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромад намудан ва суханҳои ба зидду ҳукумату мамлакат гуфтани мухолифонробояд як чизи табиӣ ва ѓаразмандона донист. Ба хусус, ҷавононе, ки ба чунин суханрониҳо таваҷҷўҳ менамоянд,бояд донанд, ки ҳадафи аслии чунин гурўҳҳо ҳаргиз ватанхоҳона нест. Балки мехоҳанд ба Тоҷикистон соҳиб бошанд ва ин кишвари озоду ободро дар зери мустамликаи давлатҳои исломӣ ва хуруфотиву мазҳабӣ гирифтор намоянд.

Дотсенти кафедраи ПИ ва К-и факултети

таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Неъматов П.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ