Профессори ҷоҳил чӣ мегўяд?
Даъвоҳои гурўҳҳои муайяни қирғизҳо, ба ном олимони онҳо, ки мехоҳанд ба оташи низоъ байни тоҷикону қирғизҳо равған резанд, рўз аз рўз исбот мекунад, ки миллати ҳамсоя як нақшаи тарҳрезишудаи ғасбкориро доранд. Аз забони профессори қирғиз Қыяс Молдокасымов (намехоҳам, ки варианти тоҷикии ному насабаашро истифода барам ва калимаи «мулло»-ро дар насаби ин ҷоҳил эътироф кунам), суханоне баромаданд, ки аз лиҳози илмӣ ба ягон мантиқ ва равиши таҳқиқ рост намеояд.
Ин «профессор» даъво мекунад, ки чоряки заминҳои Тоҷикистон мансуб ба қирғизҳо аст! Во аҷабо! Ин кашфиётро ин олими таърих аз куҷо пайдо кард? Аз кадом сарчашма хонд? Намедонам. Шояд аз китоби «Дурўғнома»-и идеологҳои қирғиз хонда бошад?
Иддаои ин профессор он аст, ки калимаи Хуҷанд на аз забони ориёӣ, балки аз забони туркӣ гирифта шуда будааст. Илми этимология, ки ба таърихи калимаҳо сарукор дорад, кайҳо исбот кардааст, ки Хуҷанд аз калимаи форсии бостонӣ ба вуҷуд омада маънои «шаҳри беҳтарин» ва ё «шаҳри офтобӣ»-ро дорад. Аммо ин профессор онро макони Хоҷагон номидааст. Аҷабам меояд, ки ин шахс бо вуҷуди унвону дараҷаи илмӣ доштанаш ба этимологияи халқӣ, ки онро эҳтимология ҳам мегўянд, такя кардааст.
Руди Такоб, ки онро сойи Хоҷа Баҳоргон ҳам мегуфтанд, дар талаффузи туркӣ Хоҷа Бақирғон гаштааст, маънои туркӣ доштааст. Во аҷабо! Ин тавр бошад, калимаи «ашкана», «супара», «чачтарашкана», «туйкана», ки аслан шакли қирғизишудаи ошхона, суфра, сартарошхона, тўйхонаи тоҷикӣ аст, дар тасаввури ин профессор решаи туркӣ дошта бошад, чӣ гуна маъно доштанашро аз фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ мефаҳмидаанд?
Эй профессори аблаҳ! Маънои номи пойтахтатон чист? Бишкек чӣ маънӣ дорад, медонӣ? Ҳоло шумо шарм накарда, бонро ба «беш»-и туркӣ пайванд медиҳед, аммо агар таърихи ин калимаро таҳлил кунем, он аз калимаи тоҷикии «пешпайк» - макони сарҳадӣ, ҷойи қароргоҳи аввали пайкрасонҳо аст. Пешпайк гуфта натавонистеду онро ба Бишкек табдил кардед. Аммо сайёҳони рус, олимони рус дар асрҳои ҳабдаҳ ва ҳаждаҳ Ин шаҳрро Пишпек, Пишкек гуфтаанд, аммо шумо онро Бишкек кардед.
Аз тамоми маконҳои қирғизнишин мардумро ҷамъ карда ба Пешпайк овардеду номашро ба Бишкек табдил додед. Во аҷабо!!!
Маконҳои номашон қирғизишудаи Исфана ва Лейлек, ки асли тоҷикияшон Исфана ва Лолак (аз хотири лолазор буданашон аст) таърихан азони қирғизҳо набуд. Маконҳои мутааллиқ ба уезди Хуҷанд буд, ки профессори муҳтарам агар ақл дошта бошад, саҳифаҳои таърихро мехонаду мефаҳмад. Вагарна барои манфиатҳояшон тамоми дунёро ватани худ меҳисобанд.
Генерали тоҷик Абдулло Навҷувонов дар суҳбате изҳор доштааст, ки Бодкон (дар варианти қирғизишуда Боткент), ки маънояш шамолроҳа ва ё кони бод аст, ба тоҷикон тааллуқ дорад. Ин мард фикри худашро гуфт, ки он мантиқан дуруст аст. Аммо профессори ҷоҳил ягон бор иддаои рўирости раиси КДАМ-и Қирғизистон – Ташиевро намегўяд. Ё тамоман бехабар аст???
Ин баҳсҳо танҳо баъди ба анҷор расидани кори комиссияи марзӣ шояд ба охир расад. Аммо профессорони аблаҳу ғосиб чунин суханонро гуфтан мегиранд…
И.Раҳимов