ТЭТ ҲНИ ҳизби хиёнаткори халқу миллат
Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунанд, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.
ТЭТ ҲНИ низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ҳаракате, ки дар солҳои 1970-ум бо ташаббуси Ихвон ул- муслимин ташаккул ёфтааст. Фаъолони ин Ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр”-е, ки роҳбари Ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тўли фаъолияташ талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад.
Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пас инқилобро роҳандозӣ кунанд. Ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал кардан намешавад. Дар тўли таърих ҶАНГ ҳеч гоҳ ягон мушкилиро ҳал накардааст. Балки он ба хотири иваз кардани қудрати сиёсӣ аст. Яъне ҲНИ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ амал мекунад. Ба худии худ, соҳиб шудан ба қудрати сиёсии давлат айбе надорад ва дар Конститутсия низ пешбинӣ шудааст. Аммо ҲНИ барои мо чӣ алтернативае оварда метавонад. Яқин аст, ки ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам, чизе дода наметавонад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва ҳатто аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум мешаванд.
Ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надорад. Дар фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ТЭТ ҲНИ кори шоиста ва ба нафъи ҷомеа дида намешавад, то ҷое ки барномаи амалие ҳам надорад.
Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Бинобар он мо шаҳрвандон набояд зиракии сисиро аз даст дода, фирефтаи чунин равияҳо гардида, Тоҷикистони азизамонро нагузорем ба вартаи ҷанг оғӯшта гардад.
Исмоилова М.Б.-сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ