​Нишасти матбуотии ДДХ: мақоми сеюми донишгоҳ дар рейтинг ва ҷамъбасти муваффақонаи соли хониш

Санаи 16-уми июли соли равон дар толори хурди раёсати донишгоҳ нишасти матбуотии ректори ДДХ ба номи акалемик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. бо иштироки васеи рӯзноманигорон, намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявию маҳаллӣ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ зимни нишасти матбуотӣ аз дастовардҳои назарраси самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ суханронӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 донишгоҳ ба як қатор комёбиҳои муҳим шарафёб гардид.

Роҳбари донишгоҳ зимни суханронӣ иттилоъ дод, ки “Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки наздик 400 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд, 14 нафар донишҷӯи мо аз рӯйи 14 соҳаи илм ширкат варзида, 12 ҷойи ифтихорӣ - 2 мақоми аввал, 3 ҷойи дуюм, 1 зинаи сеюм ва 6 мақоми ифтихориро касб намуданд, ки дар натиҷа, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи рейтинги ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми сеюмро касб намуд”.

Ҳамзамон дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз донишгоҳ 25 нафар ҷойи 1, 10 нафар ҷойи 2 ва 10 нафар ҷойи 3 – ро соҳиб шуданд.Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар шаҳру ноҳияҳо 31 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, ҷойи 1- 20 нафар, ҷойи 2 - 8 нафар ва ҷойи сеюм 3 нафар насиби донишҷӯёни донишгоҳ гардид. Дар идома роҳбари донишгоҳ афзуд, ки барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз донишгоҳ 5 ҷойи ифтихорӣ ва барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” 2 ҷойи ифтихорӣ сазовори донишҷӯёни мо гашт, ки боиси ифтихор ва сарфарозии устодонба шумор меравад.

Роҳбарияти донишгоҳ дар назди намояндагони ВАО таваҷҷуҳи хосаи Раёсати донишгоҳро дар нашр ва чопи асарҳои гуногуни илмиву таълимӣ назаррас арзёбӣ намуда, афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 62 номгӯи асар, аз ҷумла, китоби дарсӣ 12, дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ 21, монография 14, маҷмӯаи мақолаҳо 15 адад ба нашр расиданд. Ҳамзамон мақолаҳои илмии устодони донишгоҳ 1560 ададро ташкил дода, аз он 260 ададаштанҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии эътирофшудаи Тоҷикистон ва Россия ба нашр расидаанд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. дар нишаст таваҷҷуҳи рӯзноманигоронро ба имконият ва иқтидори китобхонаи илмии донишгоҳ равона сохта, зикр дошт, ки ҳоло дар китобхонаи донишгоҳ 250 ҳазор китоби чопӣ ва 50 ҳазор китоби электронӣ мавриди истифодаи устодону донишҷӯён қарор дода шуда, дар соли равон 3 ҳазор китоб харидорӣ шудаанд, ки дар назар аст ин шумора ба 10 ҳазор адад расонида шавад.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ роҳбарияти донишгоҳ аз ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо муассисаҳои олии хориҷӣ ибрози назар намуда, ишора кард, ки Донишгоҳ бо 92 мактаби олӣ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ ҳамкории назаррасро ба роҳ мондааст.

Роҳбари донишгоҳ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, 30-солагии истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда ишора кард, ки донишгоҳ ба ин санаҳои муҳими таърихӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар маҷмӯъ, 125 намоиши корҳои эҷодӣ, 4 экспедитсияи илмӣ, 144 конференсияи илмӣ, 24 мизи мудаввар, 88 маҳфилу семинари илмӣ, 73 озмуну чорабиниҳои гуногунро баргузор намудааст. Ҳамчунин ишора карда шуд, ки дар заминаи солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” якчанд озмунҳои гуногун бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба роҳ монда шудаст.

Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотии ректори “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар фазои озод ва шаффоф баргузор гашта, роҷеъ ба самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ бо рӯзноманигорон саволу ҷавобҳои мушаххас сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ зиёда 20 намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Маркази иттилоотва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ