ҲНИ-бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ
Агар бо ақлу идрок муқоиса кунем, дармеёбем, ки фаъолияти ҳизби назҳат дар солҳои навадуми асри гузашта ва то кунун айнан ҳамон амалҳоест, ки дар байни ҷомеа ба вуҷуд овардани муноқишаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, тайғир додани сохти идоракуни ҳамчунин паҳн кардани идеологияҳои муғризонаи худ мебошад. Бо вуҷуди он, ки фаолияти ҳизби назҳати ислом ҳамчун ташкилоти террористӣ экстремистӣ мамнӯ эълон гардид, эҳсос мешавад, ки пайравони он аз амалҳои пасту разилона, иғвобарангезии. даҳшатбори худ даст кашидани нестанд. Далели гуфтаҳо падид омадани роҳбарони ин ниҳод дар шабакаҳои иҷтимоист, ки зери ниқоб боз ҳам бо риёкори машғул ҳастанд. Ҷонибдоронаш ҳамоно ба гумроҳсозии ҷавонон даст зада, барои халал ворид намудан ба пешрафти кишвари тинҷу осудаи мо талош доранд. Ҳадафи асли чунин ташкилот аён аст. бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намудани ҷавонон ба сияҳкориҳост. Имруз ҳар фарди ҷомеа аз далерони миллат ифтихор доранд, ки дар роҳи сулҳу суботи кишвар ҷони худро дареғ надошта бар зидди ин золимон ва хоинони миллат мубориза мебаранд, ва ҳамеша пайгиронаи сиёсати хирадмандонаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Шаҳрвандонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк бо тамоми хасти дарк менамоянд, дӯст ким ҳасту, ким душман. Имруз халқи Ҷумуҳрии Тоҷикитсон “Сиёҳро аз Сафед” ҷудо карда метавонанд. Ҳоло дар хориҷи мамлакат истода бо ҳар гуна хабарҳои дурӯғ нисбати сиёсати имрузаи давлат ва сиёҳ кардани он дар ҳар гуна сомонаҳои интернети ин барои Шумо чӣ наф дорад. Медонед ин амалҳо танҳо барои ороми калби шумо ва аз бенатиҷаги кориҳои шумо далолат медиҳад. Магар хаста нашудед? Худи Шумо нагз медонед, ки амалҳои шумо ягон маъние надорад. Шумоён танҳо “бозиҷа”-и шахсони абарқудратҳо ҳастед. Бинобар ин ҳар фарди ҷомеаро мебоис огоҳ кард бедор шаванд то, ки хоинони ватан нияти нопоки худро иҷро накунанд. Миллати тоҷик аз давраҳои қадим бар суӣ ягон нафар беасос теғ накашидааст ва агар нисбати Ватан нияти ғаразнок дошта бошад вайро ҳаргиз нахоҳад бахшид. Имруз мо ҷавононро мебоис ифтихор аз миллату аз хештансиносӣ миллӣ доштабошем то, ки фирефтаи суханҳои дурӯғини гуруҳҳои иғвоанггез набошем. Пайваста ҳар як фарди ҷомеа дар алоҳидаги бояд донанд, симои асли ин нафарони сиёҳкорро, такя бар “Хуҷаҳое”, ки Шумо эътироф мекунед ва он вазифаҳое барои шумомегуянд хатман ичро мекунед. Лекин як масъалаи асосиро бояд дарк кард, ки он шахсиятҳо мехоханд туро бар зидди давлати худ ҷанг андозанд ҳол он ин сарзамин барои ту муқаддаст аст Чаро? Барои он, туро ба камол расонид, ба ту тамоми имкониятҳоро муҳайё сохт илм омузонид то, ки дар оянда як мутахассиси соҳибтаҷриба ба камол расию нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардори, лекин Шумо чӣ кор кардед? Болои сухта намакоб? бар Ватани худ хиёнат карда истодаед ин амалҳои разилонаи шумоён нобахшиданист. Бинобар ин такя ба қувваҳои пешбарандаи ҷомеа намуда ба ёд овардани рузҳои гузашта барои мо воқеан азиз ҳаст зеро воқеаҳоисолҳои 90-уми ќарни гузашта исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст аз мардуми шарафманди тоҷик имруз сарвари давлат бовар доранд, ки ин ҷавононе, ки зодаи истиқлолоят ҳастан бояд “Ҳушёрию зираки сиёсиро” аз даст надиҳанд ва дар ҳама ҳолат барои ҳифзи Ватан омода бошанд.
Устодони кафедраи сиёсатшиносии ДДХ