​Изҳорот: Ман-маниҳо мебарад касро....

Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо гашт, ки кирокаше, баҳри аз ҷониби нозирони роҳ протоколу ҷаримабандӣ гардиданаш арзу шикояти худро тариқи расонаҳо ба мақомоти идоракунанда расонидан мехоҳад. Он навор шабеҳи як наворҳое, ки аз ҷониби иғвоангезон ё худ мухолифини кишвар ба шабакаҳо ворид мегарданд, буд, ҳадафаш ҳам агар аз ҷиҳати мантиқу интиқод назар бинмоӣ ягона аст: иғвоангезиву ифротгароӣ!!!! Дигар ҳеҷ чиз!!! Аз тарбияи хубаш, ки аз падараш мерос мондааст, аз дониши дар макотиби олӣ гирифтааш, аз кори аз даст рафтааш, тарзи молу мулки ба даст овардааш чунон сухан кардааст, ки касро дар ҳайрат мемонад. Хуб “дониш” доштаӣ, тарбияи “хуб” гирифтаӣ, вале агар дар чорчӯбаи инсонӣ ва қонунӣ амал мекардӣ фикр мекунем, ки ҳаргиз аз кумитаи радио ва телевизион барканор намешудӣ! Даъвату эътирозҳои бемаънии худро расонаӣ намудани як журналисте, ки “ҳақ” гуфтанро вазифаи ҷониву касбии худ медонад, худ як аҳмақист! Зеро ман-маниҳо мебарад касро ба гирдоби чуқур.....

Он навор дар зер чунон эзоҳҳо ва ё худ бозичаи дасти “ҳақгӯён” гардидааст, ки тамошо ва ё мутолиаи он мардумро ба гумроҳиву ифротгароӣ мебарад. Ҳайҳоти шумо “мардон”, ки бо таҳдиду бонгҳои беасос “чи кор кунем?” гуфта муроҷиат менамоед... Маълум аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои калони кишвар монанди дигар давлатҳои олам ширкатҳои амалкунандаи кироявӣ фаъолият мебаранду мошинҳои худро ба иҷора дода барои бо кор таъмин гардонидани мардум мусоидат менамояд. Агар шумо низ ба он ширкатҳо муроҷиат менамудеду тартиботи дохили шаҳрро халалдор намесохтед, ҳаргиз касе шуморо ҷарима наменамуд!!!

Шарифзода М.–устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ