Кабирӣ ҳақиқатро тан гирифт?!
Инсон, чун намояндаи шуурноки организмҳои зиндаи сайёраи Замин қобилияти дарки моҳияти масъаларо дар заминаи истифодаи донишу таҷрибаи ҳаётӣ, савияю малака, сатҳи муайяни фаҳму фаросат ва усулҳои муқоисаву таҳлил дорад, ки барои баҳодиҳии воқеӣ ба ин ё он ҳаводиси табиию антропогенӣ имконият медиҳад. Вале, на ҳар фарди ҷомеаи башарӣ қудрати ақлии фарқ кардани моҳияти воқеии равандҳои муайянро доро асту бар замми сифатҳои баёнгашта бояд дили софу нияти пок дошта бошад.
Паҳн гардидани иттиолоти муаллифаш номаълум ҷиҳати ғуннамоии мардуми кишвар барои тазоҳуроти сиёсӣ ва кӯшиши табодулоти давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ найрангу ҳиллаи навбатии душманону хоинони Тоҷикистони соҳибистиқлол асту халос. Тоифаи муайяни маккорони мамлакатҳои хориҷӣ нақшаи нав дар радифи нақшаҳои бадкинаи пешинаашон тарҳрезӣ намудаанду нафарони гӯлу гумроҳро боз ба сӯи бозиҳои сиёсии худ ҷалб менамоянд. Шунавидани мусоҳибаи Муҳиддин Кабирии маккори авомфиребитанфурӯш дар минбари Паём. ТV. боиси тамасхури нафарони соҳибақл шудаасту инъикоси аёни кинаву адовати наҳзатиён ба Ватани аҷдодиашон мебошад. Лекин, аз ин мусоҳиба фарди соҳибақли ватандӯст барои худ маънии бисёр гирифта метавонад.
Муҳиддин Кабирӣ,ки худро соҳибдори Паймони миллӣ ва ҳизби мамнӯъи наҳзати исломи Тоҷикистон метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад, худро “мусичаи бегуноҳ” – и бозиҳои сиёсӣ вонамуд карда тан мегирад, ки аз ин ташаббуси пури адовату кина танҳо аз “баъзе шиносҳо” бохабар шудаасту ягон ҳизби сиёсӣ ёчеҳраи “маъруф” – и сиёсии тавоное нест, ки чунин тазоҳуротро ташкилу барпо намояд. Қоил мешавад, ки ҳокимияти қонунии кишвар мавқеи тавоною устувори ҳамбастагӣ бо халқ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ дораду ҳеҷ гоҳ кӯшиши табаддулоти давлатӣ муваффақи ниятҳои нопокаш намешавад. Хусусан, таъкиди ӯ ҷиҳати сатҳи баланди таҷлили иди Наврӯз дар кишвар ва кӯшишҳои нохалафона дар ин айём носазо асту мардум ҳеҷ гоҳ онро намепазиранд. Чунин гуфтаҳои Муҳиддин Кабирӣ далели он аст, ки аз ин тарҳрезиҳо хабардор асту тарҳрезии онро эҳтимол ҳаммуаллиф бошад. Аммо, ҳатто ӯ эътимоди қавӣ дорад, ки мардуми Тоҷикистони биҳиштосо бо роҳбарияти олии кишвар ҳамрайъу ҳамқадаманд ва қудрату тавоноии зеҳнӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ғайраи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳаёти орому осуда, боамну маваффақонаи мардуми заҳматкаш басанда мебошад ва ягон нохалафе ба мақсадҳои муғризонааш нахоҳад расид. Зеро, сарҷамъиву ваҳдат дар ҷомеаи Тоҷикистон пойдору устувор асту тухми коштаи наҳзатиён дар замини пурфайзи Ватани азизамон неш нахоҳад зад.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”