​Изҳорот: В-агар гӯӣ, натвонам бирав биншин, ки натвонӣ

Ҳар миллате босаодат ва хушбахт аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва соҳибфазилат бошад. Хушбахтона, миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислати олиҳимматӣ ва накӯпешагиро мебинад.

Аз ҷониби васоити ахбори омма ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пуррагӣ инъикос карда мешавад. Пайваста тамоми сокинони ҷумҳурӣ аз рафти корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ огоҳӣ пайдо менамоянд. Сокинони ҷумҳурӣ низ ба хотири ояндаи миллату давлати хеш, бо дасту дили гарм, бо шукргузорӣ аз ваҳдат, тинҷию амонӣ баҳри таъмини зиндагии шоиста саъю талош намуда истодаанд. Бешубҳа, бе таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, муайян намудан, омӯхтан ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда корҳои банақшагирифтаро амалӣ намудан ғайриимкон аст. Ва ҳар кадоми мо бояд дарк намоед, ки Пешвои миллат танҳо ба ҳамин хотир мақомоти дахлдорро муваззаф намуданд, ки вазифаҳои хизматиро бо дасту дили гарм иҷро намоянд. Имрӯз ҷомеа ба кадрҳое ниёз дорад, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад.Риояи тартиботи ҷамъияти вазифаи тамоми сокинон ба ҳисоб меравад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, чанд рӯзи охир дар шабакаи иҷтимоии фейсбук наворенашр шуд, ки дар он хитоби таксист ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ниҳодҳо давлатӣ нашр гардид.Ӯ аз нобасомонии зиндагии худ шикоят карда, иддао дорад, ки ҳукумат ба ӯ ва оилааш кӯмак кунад ва ба риоя накардани талаботи ҷамъиятӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро ҷаримабандӣ наукунад. Чаро ва барои чӣ?

Агар собиқ журналист Абдусаттор дар зиндагӣ ва фаъолияти интихобкардааш аз ӯҳдаи пешбурди зиндагӣ ва кору фаъолият набарояд пас айби кист?Дар зиндагии аксар инсонҳои оқилу фозил шиоре ҳаст, ки:

Агар гӯӣ, ки битвонам қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,

В-агар гӯӣ, натвонам бирав биншин, ки натвонӣ.

Пешвои муаззами миллат дар сиёсати давлатии худ беҳтар кардани зиндагии шоистаи мардумро дар мадди аввал гузоштаанд.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ