Изҳорот: Саворе ки лоф ораду гуфтугӯй
Ба таърих ва ҳодисаҳои муайяни он бо гузашти солҳо барои ошкор намудани ҳақиқатҳои ниҳонаш зиёиён, равшанфикрон борҳо назар мекунанду фарзияву хулосаҳои худро мебароранд. Аммо агар ин гуна нигоҳҳо бо чашми хирад набошад, таърих на танҳо ҷаҳолати назаркунандагонро ошкор месозанд, балки бо таҳлилҳову андешаҳову хулосаҳои нодурусташон мардумро ба гумроҳӣ ва кӯчаҳои сарбаста мебаранд.
Марҳилаи начандон тулонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳанги ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеъан муосири демократи ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд? Зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ эмин буда наметавонад.
Аз ин лиҳоз ҳар чи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеъа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст. Бе заҳмат кашидан кас беосони соҳиби зиндагии осудаву сазовор намешавад. Боиси ифтихор аст, ки мардуми бонангу номуси мо бо азму иродаи қавӣ ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо корҳои шоистаро ба анҷом расонида, зери парчами давлати сохибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандаги ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Бунёди ҳама гуна иншоотҳо хоҳ иқтисоди ва ё иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва маишӣ ин баҳри зиндагии шоистаи мардум аст.
Ҳеч кас барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум монеъа шуда наметавонад. Зеро инро Қуръону Қонун нишон додааст. Баъди намоиши филми “Хиёнат” умед дорам халқи шарифи тоҷик хулосаи анқи худро мегӯяд, менависанд ва ба насли оянда рӯйхати хоинони ватанро ҳамчун мероси нафратовар мегузоранд.
Аз дақиқаҳои аввали пас аз намоиши филм дар назди худ аҳд намудам, ки зиракии сиёсӣ, меҳру муҳаббат ва ватандӯстиро ба ҷавонон меомӯзам. Ба онҳо мегӯям: «Тоҷикистон неъмати худододу муъҷизаи табиат ва биҳишти рӯи замин аст, ки мо бояд шукрони ҳар қатра обу ҳар пора заминаш кунем ва ҳифзу ободии онро қарзи имониву инсонӣ ва виҷдонии худ донем.
Мадиева О.-муаллима