​Изҳорот: Ҷомаҳои касифи ТТЭ ҲНИ

Тайи чанд сол аст, ки чан нафар террористони ТТЭ ҲНИ ҷомаҳои худро бадар карда, ба ҷойи салла шапкаи Аврупоӣ пӯшида, на ин ки Тоҷикистонро, балки ислому мазҳаби ташайюъро ба Аврупоиён фурӯхтанд. Хушбахтона инҳо, ки мазҳаби сунниро қабл аз гуреза шуданашон ба қавле бо як дона пашиз савдо карда буданд, вагарна инро ҳам ба бозор бароварда савдо мекарданд. Тамоми ҳаракатҳои ноҷои онҳоро ардуми тоҷик аз оғоз то ҳол ба мушоҳида гирифта истодаанд ва аксарияти онҳо аз инсонияти нафарони мазкур шубҳа доранд. Дуруст ҳам мекунанд. Зеро як дафъа фиреб хӯрда мамлакати худро ба оташ кашида буданд. Ман боварии комил дорам, ки хатогиии сиёсиро мардуми тоҷик дигар такрор нахоҳад кард. Танҳои як ваифаи муқаддас дар назди мо истодааст, ки он ин аст. Ба номи халқи тоҷик доғ наовардан.

Миллатро дар Аврупо ба гарав намондан.Барои ҳамин як гуруҳ рӯшанфикрони мамлакат бо ҳамин мақсад ба хиёнатколрони хориҷӣ муроҷиат карда, ғалаткориҳои онҳоро ба таври рӯшан ба қалам овардаанд. Онҳо ба дурустӣ таъкид мекунанд, ки: “Наҳзатиёни ватанфурӯш ва беномус! Шумо ва доираҳои наздикатон имрӯз дар ниқоби рӯзноманигор ҷилва намуда, гуё барои Тоҷикистон ахбори наву тоза мунташир мекунед ва зимни ироаи гузоришу матолибу мусоҳибаҳо ҳатман ҷониби давлати Тоҷикистон санги маломат мезанед.

“Журналистон”-и шумо Амруллоҳи Низом, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темури Варқӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Мирзои Салимпур алайҳи давлати Тоҷикистон муборизаи ноҷавонмардона ва ҳақирона мебаранд. Кор то ба ҳадде расидааст, ки аз тариқи барномаҳои махсуси видеоӣ саркардаи наҳзатӣ М. Кабирӣ ва ба ном журналисти хурофотӣ М. Садриддин мардумро ба қиём алайҳи давлат даъват мекунанд. Ин шеваи муборизаи шумо, наҳзатиён маънои онро дорад, ки аз ақл бегона шуда, сабру тоқатро аз даст дода, мехоҳед дар шууру зеҳни миллат ва халқи тоҷик таъсири манфӣ гузоред. Аммо, тавре ки мушоҳида мекунем, мардум ин навъ иғвогариҳоро зиёд дидааст ва таҷрибаи фитнаи наҳзатиро ҳанӯз ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хеле хуб андӯхтааст.”

Акнун суоле пайдо мешавад, ки оё ҳамин кирдори хиёнаткорон аз рӯйи қоидаҳои исломӣ аст? Оё дар паси ин рангбозиҳову чомаивазкуниҳо хадафи хуб қарор дорад? Албатта, ки не. Ин як дастаи шағолон, ки Ватани худро фурӯхтаанд, ба одамони бегона низ вафодор нестанд. Як рӯз чунин корро ба хоҷагони хд низ анҷом хоҳанд дод, ки он вақт дер мешавад. Аз ин ҷиҳат ба ин гусолаҳои ватанфурӯш муроҷиат карда мегӯем, ки аз номи мардуми тоҷик баромад накунанд ва намо пуршарафи халқро доғдор насозанд. Мо ин амалҳои ноҷавонмардонаро маҳкум кардем ва дар оянда низ хоҳем кард.

Хӯҷамбердиев Чорӣ –дотсенти факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ