Ҳифзи нангу номуси миллист дар марзи Ворух
Ҷаҳони имрўзаи зудтағйирёбанда пур аз муаммо, масъала ва тазодҳост. Раванди ҷаҳонишавӣ тамоми миллату давлатҳои ҷаҳонро водор месозад, ки бо дарназардошти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ якҷоя рушду такомул ёбанд. Зеро ягон давлат дар танҳогӣ рушду нумўъ намекунад ва дар танҳогӣ аз ҳалли проблемаҳои минтақаву ҷаҳон намебарояд. Бояд гуфт, ки имрўзҳоаз ҳама арзишмандтарин неъмат барои халқу миллату давлатҳо сулҳу амният ва соҳибистиқлолӣ маҳсуб мегардад. Дар маконе, ки сулҳу оромӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, он ҷо тараққиёту пешрафт низ ба назар мерасад.
Хонандаи гиромӣ! Ин ҷо мо доир ба масъалае изҳори андеша менамоем, ки хеле мубрам ва зарурист. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чанд вақт мешавад, ки муноқишаҳову нофаҳмиҳо сар мезананд. Сабаби ин баҳсу мунозираҳо муайян набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни ин ду кишвари ҳамсоя маҳсуб мегардад. Барои аломатгузорӣ ва мушаххас намудани марзи давлатӣ Душанбеву Бишкек аз соли 2002-юм инҷониб чораҷӯӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр сарҳад доранд, ки то ҳол танҳо 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Барои ҳалли масъалаҳои марзӣ аз ду ҷониб комиссияҳои махсуси ҳукуматӣ ташкил карда шудааст, ки масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро бо тариқи гуфтушунид ва музокирот ҳаллу фасл намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки санаи 16 ва 17-уми марти соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд музокироти байниҳукуматии ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҳар ду ҷониб баҳри муайян ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки марзӣ баргузор гашт. Яке аз мавзуъҳои марказии музокирот ҳалли низоъ ва ба эътидол овардани вазъ дар қитъаҳои баҳсӣ ба шумор мерафт.
Дар музокироти ҳайатҳо масъалаи анклави тоҷикӣ - Ворух пеш гузошта шудааст. Ҷониби Бишкек пас аз изҳори назари раиси амнияти миллиаш дар нишасти матбуотӣ зоҳиран бидуни андеша хостори азхуд намудани ин сарзамини тоҷикро дорад. Он пешниҳодҳое, ки Бишкек ба сӯи Душанбе менамояд, тасаввурнопазир аст. Яке аз он: “Тоҷикистон Ворухро ба Қирғизистон бидиҳад ва бар ивази он 12 ҳазор гектар замин дар дигар навоҳии вилояти Бодканд бигирад”-мегӯяд, ҷониби Бишкек. Мо чаро хоки Ватанро ба ғайр диҳем? Мо чаро қитъаи Ворухро ба аҷнабӣ тақдим намоем? Эй, ҳамватан! Ин ҷо ҳифзи нангу номуси миллист. Ку ғурури миллӣ? Ку ифтихор аз хоки поки Ватан? Дигар бас аст ғорати сарзамини тоҷикон! Дигар бас аст гузашт кардан ва иштибоҳҳои нобахшидании таърихӣ... Ватан маконест, ки бо эҳсоси он вуҷуди шахс меболаду мефахрад. Ватан маконест, ки ниёгони ман ва ту зиндагонӣ намуда, онро аз ҳар гуна хатарҳо ҳифз намуда, то ба мо овардааст. Ҳар зарраи хоки Ватан беҳтар аз ганҷи дунёст.
Тоҷикон чун миллати куҳанбунёду тамаддунофар ҳанўз дар қарни нўҳ ва даҳ соҳиби давлатдории худ гашта буданд ва яке аз давлати пуриқтидор бо ном Сомониёнро бунёд карданд. Давлати тоҷикон - Сомониён дар асри даҳ ба авҷи тараққиёти худ расида, чун давлати тоҷикони тамаддунсоз дар таърих шўҳратёр гаштааст. Боиси таассуф аст, ки бо иллатҳои мухталиф чунин давлати мутамарказ аз ҷониби қувваҳои бодиянишин ва кўчманчӣ аз байн бурда шуд ва тоҷикон давлат сохтанд, аммо давлатдориро каме баъд муддати тўлонӣ аз даст доданд. Ватан ва сарзамини аҷдодии мо аз асри 10 то ба соҳибистиқлолӣ (9-уми сентябри соли 1991) расидан ба дасти Маҳмуди Ғазнавиву Насри Илекхон, Чингизу Темури Ланг, Шайбонихону Ҷониён ва Манғитҳои манфур афтид. Ҳатто тоҷикон дар вақти тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 20-30-юми қарни гузашта аз баъзе сарзамини тоҷикнишини тоҷикон бо таъсири идеологияи пантуркистӣ ва иштибоҳи бузурги лӯхтакроҳбарони он давра маҳрум монданд. Аммо ин хатогии таърихиро набояд такрор сохт. Миллати тоҷик дар ҳар давру замон Ватан-Модар, забону фарҳанг, оину анъана, илму адабиёт ва дину диёнати хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намудаанд ва ин гуна арзишҳоро доимо дар ҳар як марҳилаи таърихӣ аз насл ба насл мерос гузошта, пос доштаанд ва хоҳанд дошт.
Дар ин росто, таъкид бояд кард, ки ҳама гуна низоъ ва мушкилоти ҷомеаро бояд бо роҳи дипломатӣ ва ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳал кард, зеро ҷанҷол, муноқиша ва задухўрд роҳи ҳал набуд, нест ва нахоҳад шуд. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз роҳҳои созанда ва ба манфиати ҳар ду ҷониб кор гирифт, зеро ки мардуми тоҷику қирғиз бо ҳам дўсту бародар ҳастанд ва рафтуомади наздик доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо дар канор намегузорад ва доимо талош меварзад, ки масъала бо роҳи гуфтушуниду якдигарфаҳмӣ ва хоса ба манфиати тарафайн дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбад.
Юсуфзода Ғайрат Маъруф