​Ҷавонон давомдиҳандаи шахсони бомаърифату собиқадори миллат ҳастанд

Хушбахтона хизматҳои шоёни таҳсини Пешвои миллат, Асосгузори давлати навини тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама иҷозаи баробари таҳсил, кор ва зиндагии шоистаро кафолат медиҳад ва рўз аз рўз рушд кардаистодааст. Ҳар як давлат ба худ мушкилотҳои иқтисодӣ дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Аммо бадтинатони вуҷуд фурўхтагон чанд мушкилии кўчакро ҳангуфт нишон дода, мехоҳанд холҳои сиёсӣ ба даст оранд.

Мо Ҷавонони саодатманду хирадманди ҷомеа аллакай ниятҳои нопоку ифротгароёнаи хоинони миллатро дарк намуда, кўшиш намуда истодаем, ки барои дигарбора ба даҳшати миллӣ яъне Ҷанги шаҳрвандӣ роҳ наёфтан дастаҷамъона аз як сар гиребон барорем. Кинофилме, ки бо ном «Хиёнат» аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ тамошо карда шуд, паси парда бошад ҳам, ҳамаи кирдорҳои нобакоронаи хиёнаткорони Ватанро ошкор кард.

Чунин шахсиятҳо бо ном Мирзои Салимпур, Кабирӣ, Салими Аюбзод, Сайидюнуси Истравшанӣ, Темури Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худро журналист, таҳлилгар, коршинос, фаъоли иҷтимоӣ, сиёсатшинос, ҷомеашинос, файласуф, донишманд, равшанфикр, иқтисоддон меҳисобанд, мо ҳеҷ гоҳ қабул наменамоем, чунки онҳо дар давлати хориҷа зиндагӣ карда, чанд нафар тоҷикистониёнро бо ваъдаҳои пули зиёд ба доми худ кашида, муҳимтараш аз паси парда гуфтугў карда, ба ҳамватанон тўҳмату маломат, нотавонбиниро шиддат бахшида,бо ин рафтори бад мехоҳанд обрўю эътибори мардуми бонангу номуси Тоҷикисторо паст зананд.

Мо ҳамеша бар зидди чунин нафарон мубориза мебарем ва умедворам, ки тариқи ин филм «Хиёнат» ҳамаи ҷавонон огоҳ мешаванд ва барои ҳифзи Ватани ҷоноҷони худ камари ҳиммат баста, ба халалдорон намегузоранд, ки ба пои касе хор зананд.

Ахмедчонова Мушарраф, муаллимаи кафедраи Н ва МТЗМ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ