​Мутаасироти шаҳрвандӣ!

Бо зарурати хизматӣ давоми фасли гарми тобистона гузарам ба мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон афтод. Шоҳид шудам, ки мавзеи зебою дилрабосту ҳавои форами кӯҳсору оби мусаффояш ҳазорон ҳамватанонро ҷалби ин макон кардааст. Нафарони зиёде бо аҳли пайванду дӯстону ҳамкорон дар ин мавзеъ давоми чандин рӯзҳо истироҳату фароғат мекарданду ҳама хушҳолу хурсанд, хӯрокпазиву ғизохӯрӣ менамуданд. Аз тамошои ин манзараи дилфиреб ҳиссиёти ватандӯстиам боло мерафту шукрона мекардам, ки дар чунин сарзамини биҳиштосо таваллуд ёфтааму зиндагонӣ дорам. Гуворост ҳангоме, ки мардумро осудаву ором, хушҳолу шод мебинӣ ва ҳама озодона ҳаёт ба сар мебаранд. Вале, баъзе амалҳои инсонӣ касро ба ҳайрат меоварду тасаввуротимусбии умумиро коҳиш медиҳад. Ҳама машғулу овораи фароғат барои пухтупаз ҳезуми хушк ҷамъоварӣ мекарданду касеро аз шикастани шохҳои арчаи бебаҳо парвое набуд. Қисми дигар аз сангҳои табиӣ оташдон месохтанду гумон ҳам надоштанд, ки макони ҳаётии ҳазорон организмҳои зиндаро халалдор менамоянд. Хусусан, дами баргаштан аз истироҳат ба макони худ баъд аз чунин “меҳмонон” табиат то ба дараҷае коста мегардид, ки риққатовар буд. Халтаҳои селлофании парешон дар буттаву дарахтон, зарфҳои холии нӯшокиҳо, шикастапораи шишаҳо, пӯчоқи сабзавоту меваҳо, пасмондаи хӯрок, хокистари оташдон, латтапораҳо, ҳатто наҷосат ва дигар партовҳою ғашиҳои манзараи ҳузнагезро мемонад, ки хоси инсонҳои бофарҳанг нест. Лоақал ин пасмондаҳоро ғун кардаву ҳамроҳи худ барои безараргардонӣ намебаранд, мебоист онҳоро дар нуқтаи муайяне ҷамъ оваранд?

Мутаасифона, мавзеи номбурда минтақаи махсус муҳофизатшаванда маҳсуб меёбаду масъули он мақомоти хоҷагии ҷангал мебошад, ки нафаре аз онҳо ба одамон ҳатто рӯбарӯ шуда бошад. Ҷангалбонон боқайди истироҳаткунандагон дар даромадгоҳи Хуррамдара ва ҷамъоварии маблағи сарикасӣ машғуланду бас. Ақаллан, пурсону ҷӯён намешаванд, ки дар воситаи нақлиётихусусиву кироя чӣ доранду чӣ боқӣ мегузоранд. Зеро, ҳангоми бозгашти фароғатчиён автомашинаҳоро аз назар намегузаронанд.

Хуб мешуд, ки масъулин ҳангоми қайди воситаи нақлиёт ва теъдоди меҳмонон макони бозист, ашёҳои онҳо ва ғайраро аз назар гузаронида огоҳ мекарданд, ки вақти бозгашт ҳатман аз партовҳои ҳосилшуда пурсон мешаванд ва мебояд партовҳоро дар нуқтаи махсуси назди даромадгоҳ ҷойгир кард. Лекин, афсӯс, ки чунин нест ва мавзеҳои истироҳат ба партовҷой табдил ёфта истодаанд.

Алҳол, ки оғози мавсими истироҳат аст, масъулин ва ҷомеа мебояд дар ҳаллу фасли ин мушкилот андеша намоянду табиатро аз осеб ҳифз намоянд. Аққалан, шанбегиҳо ташкил кардаву лавҳаю овезаҳо, дастурамалҳо насбу паҳн намоянд, ки ин гӯшаи диёри зебоманзарамон софу пок ба насли оянда боқӣ монад. Зеро, гуфтаанд, ки “ҳифзи Ватан аз ҳифзи табиат оғоз меёбад”.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ