​Лаққиданҳои пучу беасос....

Наҳзатиёни наҳс дар созмони нохалафи худ бо ном “паймони миллӣ” ба ҷуз густохиву иғвоангезӣ ва бо маводҳои пур аз фаҳшу дурӯғу буҳтон дигар амалеро ба худ раво намебинанду ҳар воқеае, ки дар он қаҳрамонаш аъзоёни ҳизби наҳзат аст, ба таври рӯнамоӣ самъи мардуми кишвар расониданӣ мешаванд. Ба ному ба шакл суҳбатҳову вохӯриҳо ва ё мусоҳибаҳои сари роҳиро ба самъи “ҳаводорони худ” пешкаш менамоянду ба шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ менамоянд. Ба ибораи дигар ба оламиён фаҳмониданӣ мешаванд, ки чи қадар “дилсӯзу ғамхорӣ” халқи тоҷик ҳастанду гӯиё дигар дар ин Ватан будаҳо “душман”-и халқи тоҷик бошанд. Худ ба ҳамин гуна як суҳбати навбатии М.Кабирӣ ном гузоштани "Дурӯғ танҳо василаи муносибати ҳукумат бо миллат" муносибати пур аз тазоди худи ин созмонро нишон медиҳаду шахси оқил дар рафти тамошои ин маводи пур аз фаҳши ин нобакор ба хубӣ огоҳ мегардад, ки аз рӯи мантиқи мавод ба ғайр аз гумроҳнамоӣ дигар амале дида намешавад. Ҳама сафсатаҳои бекораву бофтаҳои пур аз фисқ... боз шарм нокарда аз каломи шариф сухан меронаду дини мубинро олуда месозад.... афсӯси инсонӣ.... худ, ки хоиниро пеша намудаасту бар мардумозориву мардумфиребӣ машҳур гардидааст, сиёсатмадорони давлати ғайрро мавриди муҳокима қарор додааст. Ӯ, ки тинати худро аз буҳтону фиреб сохтаасту ба ҷуз амалҳои пур аз фасод дигар кореро ба худ раво намебинад, бо баромаду сӯҳбатҳои бекораи хеш мардуми ноогоҳро ба гумроҳӣ ва баъзан ба изтиробу иғвокорӣ роҳбаладӣ мекунад. Бонги ватандориву меҳанпарастӣ мезанаду ҳаргиз чунин нест!!! Яқин аст, ки М.Кабирӣ аз нақшаҳои кашидаи хоҷагони хориҷии худ берун намебарояду ҳама гуна амалу рафтори ӯ баҳри сиёҳкунии сохти давлатдории кишвар мебошад. Бар сари пучу бесари худ намегирад, ки он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест! Нафаре, ки як кулухеро аз ҷое набардоштаасту баҳри ободии Ватан қадаме нагузоштааст, чи тавр, бояд гӯш дод? Назди хоҷагони худ билаққеду ба мо кордор нашавед!

Кулли мардуми сарбаланди тоҷик ва ҳам оламиён аз ободии диёру осоиштагии мардум ба хубӣ огоҳанду ҷаҳониён ба фалсафаи Сулҳи тоҷикон аҳсантҳо хондаанду онро сармашқи кори худ қарор додаанд. Ин ҳамдиливу якпорчагӣ!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ