Изҳорот: Сиёҳтарин рӯз он рӯзест, ки шишаи номус бишканад
Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки баду номурод ва бефикру беиффатанд. Нодидаву нодониста бо ҳама гуна фардиятҳои ношинос дӯстиву ошноӣ меварзанд. Пайи пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста, аз кабили дуздӣ, мардумфиребӣ, бадмастиву кучагардӣ машғул мешаванд. Чун боре аз ин амал қути лоямуте ба даст оварданд, дигар ҳамарӯза паси анҷоми ҳамин гуна амалҳои носавоб даст мезананд. Иззат Амон аз қабили ин гуна афрод аст, ки таи 20 сол боз бо мардумфиребиву найранги машғул асту бо роҳи фиреб чандин муҳоҷиронро ғорат кардааст.
Чуноне, ки тириқи расонаҳои хабарӣ огаҳи дорем пешвои муҳоҷирон дар Русия, фиребгар ва қаллоби №1 Иззат Амон дастгир шуд. Мақомоти Русия шаҳодатномаи шаҳрвандии вайро бекор карда нисбати вай парвандаи ҷиноӣкушода буд. Таи чанд мудат ӯ дар кофтуков қарор дошт ва хушбахтона вайро дар Тоҷикистон дастгир намуданд. Пешвои муҳоҷирон Иззат Амон таи 20 сол аст, ки шаҳрванди Русия асту бо муҳоҷирон сару кор дорад ва ба мардумфиреби машғул аст. Вай сӯйистифода аз вазифа ба боварии муҳоҷирон ворид шуда бо ҳаргуна роҳҳо онҳоро фиреб дода маблағҳои зиёди онҳоро соҳиб шудааст. Баъди дастгир шудан вай бо писараш мулоқот намуд. Писараш вазӣ саломатии вайро хуб арзёбӣ намуд. Ҳамсараш даъво дорад, ки ба мақомотҳои дахлдори болои муроҷиат мекунад, то ки бегуноҳии шавҳарашро исбот кунанд ва ӯро озод кунанд. Вале қонун барои ҳама як аст. Амалҳои вай сазовори ҷазост ва дар назди қонун ҳама баробаранд. Бигузор вай ҷазояшро гирад. Ин гуна инсонҳо аз ҷамъият бояд решакан шаванд.
Биоишаи Назар