Кабирии бадкирдору хоин
Пешвои ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро дар осудагиву амонӣ зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш ҳаргуна табрикоту изҳороташ мехоҳад вазъи оромро халалдор созад.
Чанде пеш бо иғвоҳои навбатиаш, ки гӯё санаи 21 март мардум ба эътироз мебароянд баромад намуда хост, ки моро сарнагун занад. Вале хушбахтона ин хел нашуд ва намешавад. Мо аз аввал итминони комил доштем, ки ин иғвои навбатии вай асту саропо дурӯғу савсата аст. Ин хоини лаънатӣ худ дар хориҷаву вале неши заҳролудашро ба миллати мо мезанад ва ҳар лаҳза дар хотири сарнагун задани мо аст, намегузорад, ки мардуми мо осудаҳол бошад.
Агар ба таърих нигарем ҳизби ифротии наҳзат ва Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамфикрони нопокаш солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, ҳаммиллатони моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Бори дуюм бошад, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 хостанд кишвари моро ноором созанд, ки хушбахтона ин кор ба онҳо сазовор нагашт.
Дар урфият мегӯянд, ки аввал кордро ба худат зан, дард накунад бад ба дигарон зан. Кабирии бадкирдору хоин, ки фикри баду забони бадаш худашро заҳролуд кардаасту ҳоло худаш дарду аламу захми кордро начашидаасту бар дигарон корд мехалад, фикр намекунад, ки ояндаи кудакони бегуноҳ чи мешавад.Худ медонад, ки изои бандаи муъмин ҳаром аст. Вале боз аз паи ҳамон корҳои ифлосаш аст. Аслан Симои аслии Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ошкор буд ва ошкор аст. Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ҳизби ифротӣ асту баҳри расидан ба мақсади худ ҳам ифротиву ҳам иртиҷоӣ аст. Худо кунад, ки ба дили онҳо раҳм дарояд, инсоф дарояд, ақл дарояду монад, ки мардуми тоҷик осудаҳолона зиндагӣ кунад. Худаш, ки ба мардум ёри намерасонад, монад, ки халқ осудаҳол зиндагӣ кунад.
Мо ҷавонон ва ҷомеаи омӯзгорон набояд ба найрангу дассисаҳои ин хоин бовар кунем, зеро, ки мақсади асосии ин палид иғво ангехтан, ноором кардани ҷомеа ва ба даст овардани ҳокимияти қонунӣ аст.
Биоишаи Назар