​Қавми бесарвар тани бесар бувад...

Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифротӣ, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 30 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИТ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Бозичаи дасти дигарон аст Кабирӣ,

Овораву сарсони ҷаҳон аст Кабирӣ,

Пӯшт бар дари Эрону рӯ ҷониби Аврупо,

Душманӣ миллати тоҷик аст Кабирӣ,

Оре, унвони «Хоини миллати тоҷик» ба Муҳиддин Кабирӣ арзанда мебошад. Чунки дар хақаиқат ӯ ба миллату Ватани аҷдодии худ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Агар ба шахсияти М.Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши кавонини Ислом мебошад. Ӯ нисбат ба дини Ислом кур-курона муносибат мекунад ва бо ин рафтораш ғазаби Худоро меорад, ки оқибаташ талх аст.

Имруз мо зиёиёни кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хириадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳони паст намоянд пайваста мубориза мебарем, нақшаҳои баде, ки ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт.

Мо тоҷикем ва тоҷдорем барои ҳамин ҳам ин давлату орому зеборо дубора хор нахоҳем кард. Мо аз давлати худ ифтихор мекунем. Ҳамватанони азиз биёед ҳушёриро аз даст надиҳем, сарзамин ва хоку буми ватани азизамонро муқаддас дорем, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намоем.

Аскар Алиев

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ