Хатари ташкилотҳои радикалӣ ба амнияти Тоҷикистон

Дар расонаҳои хабари изҳороте Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амнияти Афғонистонпаҳн шудааст, ки ба гуфтаи ў дар хоки Афғонистон бо баробари ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон» ҷангҷўён аз «Ҳизби наҳзати ислом» фаъолият мебаранд.

Терроризм ва экстремизм яке аз муаммоҳои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористон ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд.Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятиюсиёсии ин давлатҳо мерасонанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонва Афғонистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон, Афғонистон ва дар маҷмўъ Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд,фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми ин минтақатабдил ёфтааст. Қувваҳои ба ифротгароӣ ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Аз ҷониби роҳбарияти мамлакатҳои Тоҷикистону Афғонистон ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурўҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Терроризм ва экстремизм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, бинобар ин мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш ба роҳ монда шавад. Бо ин раванд мамлакатҳои Тоҷикистону Афғонистонмебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи шадид баранд.

Барои пешгирӣ намудани воридшавии идеологияи экстремистӣ ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Ҳамчунин, дар самти ташаккул додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилави, ташвиқи илмомўзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣметавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлубдар ин минтақаи фарҳангдўст мусоидат намояд.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ