​Изҳорот: “Бомдод.сом” – сомонаи ашхоси иғвоангезу тафриқаандоз ва дасисакору пархошгар

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳоло бархе аз ашхоси иғвоангезу тафриқаандоз ва дасисакору пархошгар, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду хешро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дӯстдори ватан ва кишвари худ вонамуд мекунанд ва нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи ватанро доранд. Аз шумори чунин шахсон созмондиҳандаи сомонаи нави интернетии «Бобдод.ком» Муҳиддин Салимпур мебошад. Ҳоло Мирзо Салимпур дар сомонаи худ афкори сомонаи пешанаи худро наш рва таблиғ намуда истодааст. Ба милси ин инсонҳое дар ҳар давру замон буданд, ҳастанд ва мутаассифона, хоҳанд буд. Ҳадафи асосии ин гуна сомонаҳои ифротӣ танқиди доимии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва гумроҳ намудани мардуми осоиштаи ин кишвари биҳиштосо аст. Барои расидан ба аҳдофи худМирзои Салимпур мунтазам нашри маводи характери террористидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд ва чун фидокор эътироф хоҳанд намуд. Аммо, аслан чунин нест, зеро имрӯз кулли мардуми бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки фикру амали ин тоифаи одамон тафовути калон доранд.

Мо насли ҷавони кишвар таъсис ва фаъолияти сомонаи “Бомдод.ком”-ро маҳкум намуда, изҳор менамоем, ки афкори ин сомона бар зидди давлат рощандозӣ шудааст.

Шарҳзод Баҳорӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ