Заҳр бодат шири модар....
Тоҷикону Тоҷикистониён аз зумраи он миллатҳое мебошанд, ки хоки Ватану марзу буми хешро дӯст медоранд ва барои ҳастиву ҷовидон мондани он ҷоннисориҳо мекунанд. Мардуми тоҷик акнун мисли пештара нест ва шикастнопазир аст. Мо муттаҳид ҳастем ва аз як гиребон сар баровардаем. Ягон гапу каловчаи бардурӯғи Шумо моро беҷо карда наметавонад.Ҳой Кабирӣ ту бо ин якчанд баромадҳоят, ки пур аз сохтакориҳоянд моро сарнагун карда наметавонӣ. Магар ҷиноятҳои худат ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ содир кардаат аз хотират фаромуш шуданд. Агар фаромуш шуда бошанд хотиррасон мекунам. “Соли 2010 раиси бахши ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов дар ҳайати дастаи террористии бародараш Аловуддин Давлатов ба тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва узви иттиҳоди террористииҶамъиятӣ “Ансоруллоҳ” Абдулло Раҳимов бо лақаби “Мулло Абдулло” 25 нафар хизматчии Вазорати мудофиаро ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Моҳи июли соли 2012 роҳбарони бахши вилоятӣ ва шаҳрии ТЭТ ҲНИ Сабзали Мамадризоев ва Шерик Каримхудоев дар бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок намуда бар зидди давлат муқобилияти яроқнок нишон доданд” ба монанди ин чандин ҷиноятҳои дигар. Мо дар ин ҷо як шохчае аз дарахи калон мисол овардем. Агар ҳамаи ҷиноятҳои содир кардаи ТЭТ ҲНИ-ро номбар кунам як китоб мешавад.
Мо хоҳони онем, ки Шумо зуд дастгир шавед ва решаи ҷинояту зӯроварӣ канда шавад нобут карда шавад. Ҳатто ҷазои қатл ҳам барои Шумоён кам аст. Зеро Шумо сабабгори нооромиҳо, Шумо сабабгори ашки модарон, Шумо сабабгори гиряи тифлакони ятим монда ҳастед.Аз минбарҳои баланд истода дар бораи шараф, номус, адолат гап мезанед. Магар ту худат номус дорӣ. Барои беҳбудӣ ва соҳибмаърифат шудани тифли тоҷик чкон кӯдакистон ва ягон мактаб пӯшидаӣ. Ҳаргиз не. Шумо танҳо мардумро ба иғво андохтан амал мекунеду. Бар ивази он аз хоҷагонатон пул мегиред. Пас Шумо кӣ ҳастед? Шумо ватанфурӯш ҳастед. Хоини миллате, ки ба он ба воя расидаету зери обу ҳавои софаш ба камол расидает.
Заҳр бодо шири модар бар касе
К-ӯ Ватани худ гум кардааст.
Биоишаи Назар