Гунаҳкор бе ҷазо нахоҳад монд
Имрузҳо дар сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба дастгир гардидани Иззат Амон сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Гуруҳҳои мухталиф ва шахсони алоҳида доир ба беасос дастгир гардидани Иззат Амон фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда истодаанд, ки гуё ӯ гуноҳе надорад ва Ҳукумати имрузаи Ҷумҳурии Тоҷикситон ӯро беасос бо баҳонаи қаллобӣ дастгир кардаанд.
Аз наворҳову гузоришҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаанд пай бурдан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо аз Иззат Амон ҳимоят менамоянд ва мехоҳанд, ки ӯро озод намоянд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки каси бегуноҳ ҳеҷ вақт аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дасгир ва ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Агар Иззат Амон имруз дастгир гардида бошад беасос нест ва бо ҷурми қаллобӣ бояд дар назди қонун ҷавоб дода бошад. Ҳоло тафтишот идома дорад ва нисбати ӯ ягон ҳукме бароварда нашудааст. Лек мушоҳида кардан мумкин аст, ки гурӯҳҳои мухолиф ва намояндагони онҳо ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ-роҳбари ТЭТ “ҲНИ”, Суҳроб Зафар роҳбари “Гуруҳи 24” ва дигарон бешак Иззат Амонро ҳимоягарӣ менамоянд ва ба ин васила мехоҳанд онро иброз намоянд, ки Иззат Амон бегуноҳ аст ва беасос уро дар таваққуфгоҳи муваққати (СИЗО) нигоҳ дошта истодаанд. Инчунин бо ин қазияҳои туҳматангезу беасоси худ мехоҳанд дар ҷомеа нооромӣ ва ҳисси нобовариву душманиро дар ҷомеа нисбати сиёсати имрузаи кишвар ва мақомотҳои қудратӣ ба вуҷуд оранд ва бад-ин васила ба ҳадафҳои нопоки худ расанд.
Ҳар як шаҳрванди солимақлу қавиирода бояд дарк намояд, ки ҳамаи инҳо танҳо барои як чиз ноором сохтани кишвар ташкилу тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанду халос.Бинобар он мо бояд кушиш ба харҷдиҳем ва тамоми ҳастии худро барои оромӣ ва сулҳу субот дар кишвар равона намоем то ин ки чунин нохалафҳо, душманони миллат ба ҳадафҳои нопоки худ ҳеҷ гоҳ расида натавонанд.
Мо ҳамеша сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати имрузаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами он Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ менамоем ва намегузорем, ки кишвари маҳбуби мо аз ҷониби ин гуна ашхосони бадхоҳи миллат пароканда ва ё худ ба вартаи нооромиву бесарусомонӣ оғӯшта гардад.
Абдусаттор Аминӣ